Собиқ сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Шаҳбоз Гулов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни фаъолият дар ин вазифа ӯ шаҳрванд “А”-ро бовар мекунонад, ки бар ивази маблағи 10 ҳазор сомонӣ тавассути судяи Суди ноҳия барои ба манфиати ӯ қабул намудани санади судӣ оид ба фарзандхонии ноболиғ шаҳрванд “Б” мусоидат карда метавонад.

“Ҳамин тариқ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А”  маблағи 10 ҳазор сомониро тасарруф намуда, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро намекунад ва пулро ба эҳтиёҷоти шахсии худаш сарф мекунад”, - омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбати Гулов мутобиқи моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисоб ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 3 сол пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.