Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29 декабр қарори ихроҷи блогери тоҷик ва размикори риштаи ММА, инчунин ронандаи дӯстдори суръати баланди ҳаракати хатарнок дар автомашина Чоршанбе Чоршанбиевро қонунӣ эътироф намуд. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аввали моҳи декабр ӯ ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 5 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷи маъмурӣ ба берун аз ҳудуди Русия таъин шуд.

“Қарори додгоҳи Останкинои Маскав бидуни тағйир гузошта шуда, шикояти таҷдиди назар қонеъ карда нашуд”, - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ба ин тариқ, қарори суд бояд дар ояндаи наздик иҷро шавад.

Чоршанбиев ихроҷашро дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав мунтазир аст.

Ёдрас мекунем, ки Чоршанбиевро 3 декабр барои хатарнок рондани мошин боздошт карданд. Варзишгар навори видеои яке аз лаҳзаҳои рондани автомашинаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки дар он блогер сари чанбараки Toyota Camry бо нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар нақби Лефортово мошин меронад.

Нисбати Чоршанбиев мутобиқи моддаи 18.8 (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (иқомат) дар Русия) санади маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.