Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки як марду зани сокини Душанбе барои ба донишгоҳ дохил кардани довталабон аз чанд шаҳрванд пул гирифтаву онҳоро фиреб додаанд.
Ҳарчанд ВКД аз ин марду зани сокини Душанбе ном набурдааст, аммо гуфтааст, ки онҳо 31-сола буда дар чанд ҳолат аз шаҳрвандон 12 ҳазору 100 доллари амрикоӣ гирифтаву онҳоро фиреб додаанд.
Ин ниҳод нагуфтааст, ки ин зану мард пулҳоро барои ба кадом донишгоҳ ва кадом тахассус дохил кардани шаҳрвандон гирифтаанд. ВКД дар хабарномааш наовардааст, ки оё ин зану мардро боздошт кардааст ё не, танҳо таъкид шудааст, ки "вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад".
Дафтари матбуоти ВКД аз ҷумла мегӯяд, ки зани 33-солаи сокини ноҳияи Файзобод ба ин ниҳод муроҷиат намудааст, ки "моҳи июни соли 2021, дар назди бинои маркази савдои «Саодат»-и пойтахт, зану марди 31-солаи сокинони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки духтарашро ба донишгоҳ дохил мекунанд, аммо номбурдагон маблағи пулиро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд".
Ҳамчунин ба навиштаи ин ниҳод ин зану мард моҳи июни соли 2021 аз як ҷавони 20-солаи сокини пойтахт 6 ҳазору 500 доллар ва аз марди 51-солаи сокини дигари пойтахт 3 ҳазор доллари амрикоӣ барои ба донишгоҳ дохил кардани авваливу духтари дувумӣ гирифта, аммо онҳоро фиреб додаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста