Ҷавоне аз шаҳри Хуҷанд иддао дорад, ки дар дохили бинои Комиссариати ҳарбии ин шаҳр зери латукӯб ва бадрафтории як корманди ин ниҳод қарор гирифта дар беморхона бистарӣ шуд. Аммо ному насаби кормандеро, ки ӯро задааст намедонад, вале иддао доранд, ки либоси низомӣ дар тан дошт.

Аз рӯйи ин қазия ба додситони ҳарби Суғд низ ариза додааст. Аз Комиссари ҳарбии Хуҷанд латукӯб шудани ин ҷавонро беасос хонданд ва гуфтанд дар ду мавсими даъват ӯро ҷустуҷӯ мекарданд.  

Баҳром Қосимов 19 сол дорад ва як ҳафта ба ин тараф дар шуъбаи ҷарроҳии асаби Беморхонаи рақами яки шаҳри Хуҷанд табобат мегирад. Ин ҷавон мегӯяд, рӯзи 17-уми январ барои дарёфти санад (справка), ки барои гирифтани шиноснома лозим буд ба Кумитаи маҳаллаи “Тиллоком” муроҷиат кард.

Аммо раиси маҳалла гуфтааст, мӯҳри комиссариат лозим аст ва ҳамин тавр баъди даъвати раиси маҳалла ду нафар бо либоси низомӣ ва мулкӣ ҳозир шуда, ӯро иҷборан ба бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд оварданд.

Ба гуфтаи Баҳром Қосимов, аз ташхиси тиббӣ гузашт ва духтурон ӯро солим баровардаанд ва зери даъватномааш имзо гузошт. Ҳамаи кор аз он сар шудааст, ки аз ӯ талаб кардаанд аризае нависад, ки гӯё дар Ташкилоти мададгори мудофиа ДОССАФ таҳсил мекунад ва ин дархостро рад карду зери зарб монд.  

“Дар ариза гуфта шуда буд, ки бо хоҳиши худам бидуни маҷбурӣ барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ дар ДОССАФ мехонам ва ихтиёрӣ ба хидмат меравам. Ман дар ДОССАФ намехонам, аммо зӯрӣ карда гуфтанд менависӣ. Гуфтам даъватномаро гирифтам ва 1-уми апрел меоям, вақте аз духтур сиҳат гузаштам ба хидмат меравам. Нафаре, ки либосу сарпӯши низомӣ дошт зӯрӣ карду дашноми дар забонаш бударо гуфт. Ба гарданам зад, аз ҳуш рафтам ва бо пушт афтодам. Ӯ фикр кард, ки ман дурӯғ карда истодаам аз мӯю сарпӯшам бардошту чанд бор афшонд ва ба утоқе бурд боз ду се бор зад. Зане омада маро халос кард”,- нақл кард, Баҳром Қосимов.

Ба гуфтаи ин ҷавон, баъди чанд лаҳзаи зарб ба ҳуш омад, ки он вақт тану рӯяш об пошида доруву оби ҷӯш додаанд. Сипас ба холааш занг зада хоҳиш кардааст, ки доруи валидол биёранд то тапиши қалбаш муътадил шавад.  Вай гуфт, баъди зарбу лат ва аз ҳуш рафтан, ки чунин бемориро аз қабл дошт аз экспертизаи судӣ-тиббӣ гузашт. Баъди дарёфти ҳуҷҷати экспертиза бо роҳхати ин ниҳод дар беморхонаи раками 1-и шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудааст.

“Аз экспертиза ҳуҷҷат гирифтам онҳо он ҷое, ки лат бардошта будам акс гирифтанд. Сару гарданам он вақт дард мекард, ҷунбонида наметавонистам. Прокуратураи ҳарбӣ аз ман забонхат гирифта рафтанд”,-мегӯяд ин ҷавон.

Муяссар Носирова, модари Баҳром Қосимов аз он нигарон аст, ки баъди ин ҳодисаҳо як бор аз Комиссариати ҳарбӣ ба ҳолпурсии писараш омаданду халос. Ин модар мегӯяд, ки барои хароҷоти доруву дармон беш аз 800 сомонӣ сарф кардааст.

Ин ҷавон иддао дорад, ки гарданаш лат бардоштааст.

“Духтур гуфт, гардани писаратон лат хӯрда, каме ларзиши майнаи сар дорад бо доруву дармон шифо меёбад. Аммо он нафаре, ки писари маро зад то ҳол наомадааст. Мо фарзандамонро бо чӣ азоб калон мекунем. Фарзанодони моро чаро мезананд?”

Қурбоналӣ Сулмонзода, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” тасдиқ қард, ки Баҳром Қосимов ба бинои комиссариат омада буд, аммо иддаои латукӯб шудани ӯро беасос хонда гуфт, чунин масъала вуҷуд надорад. Вай афзуд, ин ҷавон дар рӯйхати даъватшавандагон қарор дорад ва дар даъватҳои пешин ӯро тариқи мақомоти корҳои дохила меҷустанд.

Ҳалим Ҷӯраев / Asia-Plus

“Даъватшаванда омад аз комиссияи тиббӣ гузашт, падар модараш дар пушти дар буданд ба хидмати ҳарбӣ номнавис шудем гуфта хурсандӣ карда рафтанд. Баъди чанд вақт ин масъалаҳо баромад мо рафтем гуфтем, шуморо кӣ зад ва чаро? Ба суолҳои мо ҷавоб дода натавонистанд. Латукӯб нашудаст, мо рафта дидем ҳама ҷойи он ҷавон солим ин гуфтаҳо дуруст нест. Ин масъаларо мақомотҳои санҷишгар пурра боз месанҷанд”, -мегӯяд комиссари Хуҷанд.

Аммо модари ҷавони латукубшуда бо дарназардошти ташхиси экспертизаи судӣ-тиббӣ ва осори зарби гардани писараш иддао дорад, ки ӯро задаанд. Муяссар Носирова гуфт, ба далели набуди ҷойи мушаххасти сабти истиқомат барвақт натавонист ба писараш шиноснома гирад ва дар даъватҳои пешин аз пайи табобати бемории фарзандаш буд, ки дилаш муназзам кор намекард ва баъди табобат шифо ёфтааст.

Муяссара мегӯяд, писараш бемории тарсӯйӣ дорад, пайваста дар тарс аст ва танҳо баъди истеъмолӣ доруи валидол шабона хоб меравад.

Баҳром Қосимов ҳам мегӯяд, тасмими ба хидмати ҳарбӣ рафтанро дорад ва дар сурати солим баромадан аз ташхиси тиббӣ, дар даъвати баҳорӣ омода аст ба хидмат равад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.