Як зани сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо иттиҳоми қатли хушдоманаш 17 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як хабарнома хабар медиҳад. 

Додситонӣ аз ин зан Умеда Шарифова, сокини деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқади ном бурда, гуфтааст, ки алайҳи ӯ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ) парванда боз шуда буд.

Ин ҳодиса аз сӯйи додситонии ноҳияи Фархор таҳқиқ шуда, ҳукмро додгоҳи вилояти Хатлон содир кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Шарифова, рӯзи 9-уми август бо баҳонаи ночиз бо хушдоманаш Файзигул Олимова вориди муноқиша шуда, аз фурсати дар хона набудани шавҳараш Ю. Холдоров истифода намӯда, бо корд ӯро дунболагирӣ кардааст. 

«Номбурда хушдоманашро аз пой афтонда, дар ҳузури кӯдаки хурдсолаш Усмонҷон Шарипов, ки ҳанӯз 6-сола нест ба рухсора ва панҷаҳои дасташ ҳашт зарба задааст, ки ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - омадааст дар хабарнома.

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 5-уми январи соли 2022 Умеда Шарифоваро бар асоси банди 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ 17 сол аз озодӣ маҳрум кардааст, ки ӯ ҷазоро дар зиндони низоми умумӣ пушти сар мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.