Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар як навори видеоӣ, ки телевизионӣ “Бадахшон” нашр кардааст ва аз дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, иддао мекунад, ки Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии вилоят ба манзили зисташ омада, ӯро лату кӯб карда, ҳақорат додааст ва гуфтааст, ки он ҷоро тарк кунад.

Аммо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” ин иддаоро рад кард ва гуфт, ки танҳо дар оғоз, замоне ки Наврӯзов нав сардори маорифи вилоят таъин шуда буд ва дар телевизион дар як суханронияш моро террорист ном бурда буд, рафта бо ӯ вохӯрда ва ӯро хуш омадед кардаму гуфтам, ки ба ин корҳо ҳамроҳ нашавад.

“Ман ба Худо раиси маорифи вилоятро лату кӯб накардаам. Ин кай будааст, ки ман лату кӯб карда бошам. Не, ба Худо қасам, дурӯғ, ин туҳмат аст”,-гуфт Муҳаммадбоқир.

Аммо Наврӯзов дар муроҷиати видеоияш мегӯяд, ки мавриди талу кӯб қарор гирифтанаш пас аз замоне будааст, ки дар бораи вазъи ҷинояту ҷинояткории шаҳри Хоруғ дар робита ба ҳаводиси охири моҳи ноябр изҳори назар кардааст. 

Ӯ мегӯяд, ки «шаби 29 -уми январ, соати 8 бегоҳ, ба ҷойи хоби ман, воқеъ дар қабати 4 бинои Раёсати маориф дар шаҳри Хоруғ, саркардаи гурӯҳи муташакии ҷиноятии маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар ҳолати мастӣ зада даромада, аз ман пурсид, ки аз куҷо мешавӣ?  Дар посух гуфтам, ман тоҷикам зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ. Баъд инро шунида ба ман дарафтод. Ба тамоми муқаддасоти ман, модарам, зану фарзанд, авлод ва нисбати мардуми Ванҷ дашному ҳақорат карда, маро мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор дод».

Аммо Муҳаммадбоқир мегӯяд, ки “ман ӯро дигар бо чашмонам надидаам ва хабар надорам. Ин ҳама туҳмат аст, сафсата аст. Ҳозир ҳама аз болои ман ман қисса мебофанду туҳмат мекунанд. Вай ванҷӣ аст, ванҷиҳо бародарони мананд, ман ба рӯйи ванҷиҳо ҳеч гоҳе даст намебардорам”.

Оғози эътирозҳои рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дар Хоруғ.

Аммо сардори Раёсати маорифи ВМКБ дар ин навор қисса мекунад, ки бинобар ин ки Маҳмадбоқир бо худ силоҳи оташфишон дошт бо ӯ сару кор нагирифтааст. «Ту ванҷӣ либосҳоятро ҷамъ карда, аз Хоруғ баромада даф шав. Ва аз бино бо таҳдиди силоҳ берун кард. Ва ман маҷбур аз бино ва маҳаллаи Хоруғи боло баромада рафтам»,-мегӯяд ин мансабдори вилоятӣ.

Наврӯзов ҳамчунин гуфт, ки ӯ дар оғози таъин шуданаш ба ин мақом ҳам аз сӯйи Муҳаммадбоқир таҳдиду дашном шуда буд, вале аз ҳиси мардӣ ба ҷойе муроҷиат накардааст, ки дар охир пушаймон шуд.

Лутфулло Наврӯзов, дар ин навори видеоӣ ба мавзуъи ҷудошавии ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз аз ҳайати ВМКБ, ки моҳи декабри соли гузашта аз сӯйи  вакилони маҷлиси вилоятии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ матраҳ шуда буд, пардохта  гуфтааст, ки он вақт ӯ ба ин андеша мухолифат кардааст. Ҳоло мегӯяд, - ӯ, баъди таҳқиру шиканҷа шудан, ба хулосае омадааст,  ки пешниҳоди он вакилон дуруст будааст.

Ин мансабдори вилоятӣ низ мегӯяд, ки дар сурати идомаи вазъ, маҷбур аст, ки ба манотиқи дигари кишвар, аз ҷумла Рашту Кӯлоб ба кор биравад.

Дар идома раиси идораи маорифи вилоят аз зиёиён, 5 ҳазору 753 омӯзгори вилоят, собиқадорон ва сокинони шаҳри Хоруғ даъват мекунад, ки агар тарафдори адолат ва ҳақиқат бошанд, чарои барои лату кӯб шудани ӯ дар назди хонаи Муҳаммадбоқир эътироз намекунанд.

«Ман ба зиёиён ва сокинони шаҳри Хоруғ муроҷиат мекунам, ки ман ку корманди ягон мақомоти ҳуқуқ ё сохтори қудратӣ нестам. Ман як омӯзгорам. Ба тарбияи насли наврсас машғулам. Худ қазоват кунед, ки ба мани омӯзгор аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ чунин фишору таҳдиду таҳқир раво дониста мешавад. Пас, вой бар ҳоли он донишҷӯён, тоҷирону соҳибкороне, ки аз ноҳияиҳои Дарвозу Ванҷ ва минтақаҳои дигари кишвар ба шаҳри Хоруғ меоянд бо онҳо чӣ гуна рафтор мекарда бошанд?»,- мегӯяд Наврӯзов.

Наврӯзов, дар охири ин навори телевизионӣ мегӯяд, ки мансабаш дар ноҳияи Ванҷ бад набуд ва ҳоло ҳарчанд ба вазифаи баланд ва пурмасъулия омада бошад ҳам, пушаймон аст.

Бинои идораи маорфи ВМКБ, ки Наврӯзов мегӯяд, дар ошёнаи 4-уми ин бино зиндагӣ мекард ва Муҳаммадбоқиров ба макони зисташ омадаасту лату кӯбаш кардааст.

Баъди ин Наврӯзов ба мақомоти давлатӣ муроҷиат мекунад ва мегӯяд, ки давлат бояд ӯро ҳифз кунад.

«Подоши хизмат ҳамин аст. Канӣ давлату давлатдорӣ, кани тартибу низом ва волояти қонун?. Пас чӣ бояд кард? Ба ҳамаи сокинону Дарвозу Ванҷ бигӯям, ки дигар ба маркази вилоят наравед? Пас ҳама аз шаҳри Хоруғ кӯч баста биравем? Дигар дар куҷо кору фаъолият кунем? Чӣ кор кунем? Ин кадом асру давр аст? Кадом давлат аст, ки қонунҳои ҷангал ҷорӣ ҳастанд?»,-суолгузорӣ мекунад Наврӯзов.

Наврӯзов дар охири навор хулоса мекунад, ки дар Хоруғ зиёиёнро дастгирӣ намекунанд, фармони Имоми Замонро итоат намекунанд ва “сухани як ҷинояткор арзиш дорад”.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ дар мавриди лату кӯб шудани Лутфулло Наврӯзов аз сӯйи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров изҳори назар накардаанд ва рух додани ин ҳодисаро низ на тасдиқ ва на рад кардаанд.

Дар ВМКБ, 25-уми ноябри соли гузашта, бар пайи  амалиёти боздошти Гулбиддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъа, ки дар ин амалиёт кушта шуд, бархе сокинони ин ноҳия, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои дигари вилоят даст ба эътироз заданд, ки то 28-уми ноябр давом кард. Дар ин эътирозҳо се нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шуд.

Ҳамчунин бино ба иттилои расмӣ, 7 нафар хидматчиёни мақомоти интизомӣ ҳам дар ин рӯзҳо лату кӯб шудаанд захм бардоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.