Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки дар соли гузашта 17 ҷинояти вобаста ба фурӯхтани чиптааи ҳавопаймо дар гузаргоҳҳои сарҳадиро ошкор кардааст. Ин нуктаро имрӯз раиси ин оҷонсӣ Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод зикр кард.

"Масалан як корманди фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон барои фурӯхтани 46 адад чипта, 429 ҳазор сомонии аҳолиро гирифта, ягон амал иҷро накардааст",- гуфт Султонзода

Ҳоло ин корманди фурудгоҳ дар боздошт қарор дорад ва парвандааш дар ҳоли баррасист.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, ҳамчунин дар соли 2021 353 млн сомонӣ зарари молиявир ошкор кардааст. Аз ин  324 млн сомонӣ ё 92% он барқарор шудааст, ки 110млн  сомонии он ба буҷаи давлатӣ ва 214  млн сомонии он ба корхонаву муассисаҳо рост омадааст. Ин нуктаро Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии дар нишасти матбуотии имрӯзи ин ниҳод зикр кард.

Дар соли гузашта ин ниҳод, 66 ҷиноят дар бахши андозро сабти ном кардааст, ки  қисми зиёди он ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва сохта марбут будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.