Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти имрӯзаи ниҳоди зери роҳбариаш ба суоли хабарнигорон дар мавриди дароз кардани муҳлати сабти симкортҳо гуфт, аллакай се маротиба муҳлат дароз карда шуд ва бори охир соли 2020 муҳлатро то ба 15 феврал дароз карда буданд.

Ӯ ба таври мушаххас нагуфт, ки оё дар сурати ба охир расидани рӯзи бақайдгирӣ муҳлат дароз карда мешавад ё не.

Рамазон Раҳимзода танҳо аз аҳолӣ хост, ки ҳарчӣ тезтар шиносномаҳои намунаи соли нави 2014 худро иваз кунанд ва дар асоси он симкортҳояшонро ба қайд гиранд.

- Хоҳиш карда мешавад, муҳлат кам мондааст, мо бояд ҳарчӣ тезтар шиносномаҳоямонро иваз кунем, ки симкортҳое ки мегирем ба номи худ ба қаёд гирем, -гуфт Рамазон Раҳимзода.

Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш, 31 январ ҳам Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи дароз шудан ё нашудани муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-шиносномаҳо), ки  интизор меравад 15 феврали соли равон ба охир расад, посухи мушаххас надода буд.

Муовини сардори ин ниҳод Илҳом Атоев гуфта буд, ки “пеш аз поа чанг нахезонед” ва ба мардум имкон диҳед, ки дар марказҳои хидматрасонӣ SIM-кортҳояшонро дубора ба қайд гузоранд.

Тибқи маълуомти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, теъдоди умумии корбарони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар ҷумҳурӣ 4,2 млн нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар Тоҷикистон 5 млн 416 ҳазор симкортҳое, ки бо ID-шиносномаҳо дубора сабтином шудаанд, ба қайд гирифта шуда, 2 млн 412 ҳазору 465 нафар корбарони симкортҳо ҳоло ҳам дар марҳилаи сабти дубора бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 қарор доранд. Аз симкортҳое, ки то ҳанӯз дубора сабтином шудаанд, 1,8 млн симкорт фаъоланд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус операторои алоқаи мобилии кишварро уҳдадор кард, ки то 15 августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол лимит ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабтином мешавад.

Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабтином кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд.Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.

Қаблан “Азия-Плюс” ҳисоб кард, ки агар ин дафъа ҳам симкортҳо пурра дубора сабтином нашаванд, зиёда аз 2 млн нафар тоҷикистониён бе алоқаи мобилӣ монда монда метавонанд ва ин ба талафоти буҷет ба маблағи ҳудуди 500 млн сомонӣ боис шуда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.