Корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Роштқалъа, Ҳабиб Маҳмадов, ки гуфта мешавад дар ғайриқонунӣ омода кардани шиноснома ба як сокини ин ноҳия, ки баъдан боиси қазияи пурсару садои Гулбиддин Зиёбеков ва гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ шуд,  куҷост?

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар нишасти ахири матбуотии ниҳоди зери раҳбарияш, 2-юми феврал гуфт, ки ин кормандро "аз вазифаи ишғолнамудааш озод шуда, ба ваифаи пасттар таъин шуда, вале нисбаташ парванде боз нашудааст".

Раҳимзода гуфт, "баъди ҳодисае, ки сар зад, мо ин кормандро (Ҳабаби Маҳмадов-дар назар аст) аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Роштқалъа гирифта, ба вазифаи пасттар гузоштем. Вале ба мо маълумот пешниҳод нашудааст, ки дар ҳодисаи Бадахшон ин корманди мо даст дорад ё не. Ҳоло тафтишот аз ҷониби проккратура идома дорад ва дар ҳолати даст доштани Маҳмадов аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ нисбаташ чора андешида мешавад".

Ҳарчанд вазири корҳои дохилӣ нагуфт, ки Маҳмадовро ба куҷо ба кори дигар интиқол доданд, аммо бархе манбаъҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, ки ин корманди акнун собиқи ШВКД Роштқалъа ба шаҳри Душанбе ба кори дигар интиқол шудааст.

Номбурда дар робита ба духтаре (Зуҳро Шоҳназарова-дар назар аст), ки ба гуфтаи ӯ, боиси муноқиша дар Бадахшон гардида буд, гуфт, аз ҷониби гурӯҳи тафтишотии Додситони кул санҷиш идома дорад ва ширкати он дар қазия баҳогузорӣ ва баррасӣ карда мешавад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳоводиси охири моҳи ноябри соли 2021-ро мудҳиш номид ва гуфт, дар ҷараёни тафтишот дар Бадахшон буд ва аз ҷониби Додситони кули Тоҷикистон  барои тафтиши ҳодисаҳо гурӯҳи тафтиштӣ-оперативии  ташкил карда шуда, то ҳол тафтишот идома дорад.

ВКД: Бархе гунаҳкорони муноқишаҳои Хоруғ ҷазо гирифтанд


Рамазон Раҳимзода тасдиқ намуд, ки парвандаи қисме аз гунаҳкорони қазияи Бадахшон аллакай ба додгоҳ исрол шуда, чанде аз онҳо тибқи қарори додгоҳ ба ҷавобгарӣ  кашида шуданд.

Ёдовар мешавем, эътирози чоррӯзаи сокинони Бадахшон дар майдони Исмоили Сомонии вилоят рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 бо талаби ҷазо додани гунаҳкорони куштори як сокини сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардида, баъди ваъдаи иҷрои талаботи эътирозгарон аз ҷониби ҳукумати вилоят  хотима ёфт. Дар натиҷаи амалиёти мақомот ва эътирозҳо се нафар сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд ва чандин нафар захмӣ шуданд, аз ҷумла панҷ корманди мақомот.

Раиси собиқи ВМКБ Ёдгор Файзов дар як навори телевизионӣ гуфта буд, ки бадбахтӣ маҳз аз Ҳабиб Маҳмадов корманди шӯъбаи РВКД дар вилояти Бадахшон оғоз шудааст ва гунаҳгори асосии қазия низ ӯ мебошад.

Гуфта мешавад, ки маҳз Маҳмадов барои гирифтани шиносномаи қалбакӣ аз як духтари маҳалли бо номи Зуҳро Шоназарова  пулу мол талаб кард ва ба ваъдааш вафо накарду ӯро бо ёрдамчии прокурор Абдусамад Абирзода, яке аз дигар иштирокчиёни ин қазия шинос намуд.

Ба гуфтаи сокинон, мухолифат миёни марҳум Гулбиддин  Зиёбеков ва ё Абдусамад Абирзода пас аз он сар задааст, ки Абирзода ба Зуҳро Шоназарова, ки гуфта мешавад яке аз хешони Зиёбеков будааст,  пешниҳодҳои маҳрамона кардааст.

Мақомот Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

Тафсилоти бештари ҳодисаро қадам ба қадам дар сюжети мо “Эътироз дар Хоруғ” хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.