Ба донишҷӯи соли чоруми факултети баҳисобгирии иқтисодӣ ва муҳосиботи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) хориҷшавӣ аз ин муассиса таҳдид мекунад, зеро ӯ бо автомашинаи шахсиаш Hyundai Sanata ба дарс омадааст.

Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва Фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарс ҳозир гардидани донишҷӯён қатъиян манъ аст.

Ба иттилои манбаъ, сокини шаҳри Душанбе Фарҳод Исматов рӯзи 2 феврал аз ҷониби кормандони Раёсат дар ҷараёни баргузории рейди навбатӣ оид ба пешгирии чунин қонуншиканиҳо боздошт шуд.

“Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати қабули қарори дахлдор аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои лозима тартиб дода шуда, ба унвонии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҶТ ва ҳамзамон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ирсол карда шудааст”, - омадааст дар хабар.

Дар Тоҷикистон барои мактабхонҳо ва донишҷӯён бо автомашинаи шахсӣ ба дарс омадан қатъиян манъ аст. Тибқи муқаррароти мавҷуда дар ҳолати ошкор гардидани чунин ҳолатҳо донишҷӯ ба муҳлати 3-сол бе ҳуқуқи барқарорсозӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.