Додгоҳи ҳарбӣ сержант Сиддиқ Саъдулоевро дар марги сарбоз Миралӣ Боқиев айбдор дониста ӯро ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Дар ин бора пайвандони сарбози кушташуда хабар дода гуфтанд, ки мурофиа рӯзи 5-уми апрел дар қисми ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ ва он ҷое, ки Боқиев хидмат мекард, доир шуд.
Зариф Зарипов, амаки Миралӣ Боқиев, субҳи 8-уми апрел дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки додгоҳ сержант Сиддиқ Саъдулоевро дар марги мармузи ҷиянаш айбдор дониста, ӯро равонаи зиндони низомаш сахт кард. Вай гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ ба Саъдуллоев 14 солу 8 моҳ хост, вале додгоҳ ҳукми ниҳоиро 13 сол таъин кард.
Бино ба гуфтаи ӯ дар робита ба марги Миралӣ Боқиев, сарбози неруҳои марзбонӣ алайҳи боз се нафар, ду командир ва як сарбози қисми ҳарбии Ҳамадонӣ парванда боз шудааст. Ба хонаводаи Боқиевҳо гуфтаанд, онҳо ҳам ҷазо мегиранд.
“Яке аз командирон баромада гап зада гуфт, ки ҳангоми латукӯби Миралӣ дар ҷойи ҳодиса нафарони зиёд буданд. Суд пурсид ту ҳам будӣ, бале будам гуфт. Вақте пурсиданд, ту чаро халос накардӣ, гап назад”,-мегӯяд, Зариф Зарипов.

Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб моҳи феврал ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки пас аз анҷмои тафтишот командирҳои Боқиев ва Саъдулоев ҳам муҷозот хоҳанд шуд. Вай мегӯяд, Миралӣ Боқиев аз сӯйи ҳамхидматаш, сержант Сиддиқ Саъдуллоев лату кӯб мешавад ва пас аз ду зарбаи мушт дар ҷойи ҳодиса кушта мешавад.
“Инро хулосаи ташхиси судӣ ҳам тасдиқ мекунад. Худи гумонбар Саъдуллоев ҳам тасдиқ мекунад, ки Боқиевро бо мушт ду зарба задааст ва ӯ баъди зарбаи дувум ба ҳалокат расид. Ҳоло ин сержант бар асоси қисми 3-и моддаи 391 Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад”.-гуфта буд, Раҷабзода.
Миралӣ Боқиев, сарбози 20 солаи неруҳои марзбонӣ шаби 17-уми январи имсол аз суйи ҳамхидматаш Сиддиқ Саъдуллоеви 22-сола, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, кушта шуд. Ҷасади ӯро 19-уми январ дар зодгоҳаш деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент, ба хок супурдаанд.
Келдиёр Боқиев, падари Миралӣ рӯзи 10-уми феврал ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар робита ба марги мармузи писараш аз додситони ҳарбии Душанбе хост, ба ҷузъ сержант боз командиру касони дигари қисми низомӣ низ бояд ҷазо гиранд. Вай иддаъо карда буд, ки чаро сарбозон дар артиш беназорат мемонанд.
“Мисол командир, қисми навбатдорӣ дорад, вале чаро сарбоз сарбозро зада мекушад. Дар соати 10-и шаб се сарбозро мебарорнанду мезананд, чаро касе бохабар нашуд”,-иддаъо кард, Келдиёр Боқиев.
Миралӣ Боқиев моҳи майи соли 2021 ихтиёрӣ ба хидмат рафта, дар қисми низомии №0307 неруҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат мекард ва фарзанди хурдии хонавода буд. Пайвандонаш гуфтанд ӯро ба хотири як бушлат латукӯб карданд, ки аз зарби сарбози бузургсолор дар ҷойи ҳодиса фавтид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста