Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  нисбат ба ду хизматчии ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ ба иттиҳоми куштор ва муносибати хунукназарона ҳукм содир намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 16 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳарбии 0214 Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳодисаи нохуш рух дод.

“Сарбоз Муҳаммадҷон бо истифода аз силоҳи хизматиаш бе ягон сабаб қасдан ҳамхизматаш К.Қурбонзода-ро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад”, - иттилоъ дода мешавад дар хабар.  

Гуфта мешавад, Исоев дар содир намудани ҷиноят мутобиқ моддаи 104 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор дониста шуда, суд ӯро ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар хабар ҳамчунин зикр мешавад, ки масъули посбонии марз аз ҷониби ин даста он замон ба дӯши капитан Фарҳод Довутиев вогузор буд. Нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 392 (Муносибати хугукназрона ба хизмат) парванда боз шуда, суд ӯро ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии сукунат ҷазо таъин кард.

Ҳукм ҳанӯз 5 май содир шуда, Прокуратура дар ин бора 14 июн хабар додааст. Дар хабар ҳеҷ гуна ҷузъиёти дигари парванда зикр намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.