Сокини ноҳияи Панҷ Муҳаммад Исанқулов ба гумони даст доштан дар куштори падари 78-солааш боздошт шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Намунаи ҳамин ноҳия Аваз Бӯстонови 78-сола рӯзи 7 июн кушта шудааст.

Сурат: ШКД ноҳияи Панҷ

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ гумонбаршуда - писари ӯ Муҳаммад Исанқулов боздошт шудааст.

“Ба гуфтаи гумонбаршуда, падару писар ҳамроҳ машрубот нӯшида, сипас байни онҳо ҷанҷол сар мезанад. Писар болғаро гирифта ба сари падар мезанад. Сипас ӯ ба дастону пойҳои паараш низ якчанд зарба мезанад”, - зикр мекунад милитсия.

Нисбати Муҳаммад Исанқулов мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Гумонбаршуда қаблан бо моддаи 141-и КҶ ҶТ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) маҳкум шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.