Қурбон Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи ҳодисаи худкушии ду навхонадор дар ин ноҳия, ки моҳи март сурат гирифта буд гуфт, сабаби марги онҳо бемории рӯҳӣ аст.

“Дар аввал ҳар гуна овоза ва гапҳо карданд, ки гуё ягон ҳодисае шуда бошад. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ карданд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани навхонадорон бемории руҳӣ будааст”,- гуфт раиси ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, додситонии ноҳияи Вахш Салоҳиддин Исмоилзода, ки дар нишасти матбуоти ҳузур дошт, гуфт натиҷаи таҳқиқ нишон дод, ки домод гирифтори бемории рӯҳӣ будааст ва далели ин чанд маротиба дуохонӣ шудани ӯ аст.

Номбурда афзуд, ки додситонӣ вобаста ба ин ҳолат қарори дахлдор қабул кардааст.

“Волидони домод гуфтаанд, ки чанд маротиба дуохонӣ карда будаанд. Шабҳо баромада сари заминҳои пахта мерафтааст. Дар бадани ҳарду марҳум осори марги маҷбуриро наёфтем. Эҳтимол ҳарду маслиҳат карданду даст ба худкушӣ задаанд”- гуфт Исмоилзода.
Додситони ноҳияи Вахш Салоҳиддин Исмоилзода аз рост якум
Сурат: Asia-Plus

Ёдовар мешавем, ки ҷасади  Гулҳавас Шоева ва Шарифбек Зиёевро рӯзи 27 март баъди чанд рӯзи хонадоршавияшон аз оғилхонаашон овехта пайдо карданд.

Мақомот гуфта буданд, ки аз ҷои хоби домоду арӯс номае пайдо кардаанд, ки онро Шарифбек Зиёев навиштаву гуфтааст, ки мо дигар зиндагӣ кардан намехоҳем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.