Бо қарори додгоҳи Кузминскии Маскав Виктор Липатов - мудири кулли ширкате, ки кормандонаш ҳангоми корҳои тозакунии чоҳи обрав (коллектор) дар ҷанубу шарқи Маскав ҳалок шуданд, ба ҳабси хонагӣ фиристода шуд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад.

“Бо қарори додгоҳ нисбат ба Липатов ба муҳлати то 7 октябри соли 2022 ҷазои ҳабси хонагӣ таъин шуд”, - гуфтаанд ба хабаргузорӣ дар додгоҳ.

Ба ин тариқ, додгоҳ дархости тафтишотро дар бораи ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) фиристодани Липатов рад кардааст.

Ба Липатов қонуншиканӣ дар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳо, ки аз беэҳтиётӣ ба марги се нафар боис гардидааст, (қисми 3 моддаи216 КҶ ФР) айбнома пешниҳод шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 7 август ҳангоми баргузории корҳои таъмир дар чоҳи обрав (коллектор) бар асари боришоти пуршиддат ва болоравии сатҳи об 12 нафар коргарон дар даруни чоҳи обрав дармонданд. Чор нафар мустақилона аз он баромада, панҷ нафарро наҷот доданд ва се тан аз онҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. Се нафари боқимонда аз чоҳ баромада натавониста, ҳалок шуданд.

Гуфта мешавад, ҷараёни тафтишоти парванда зери назорати мақомоти прокуратураи шаҳри Маскав қарор гирифтааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки бино ба маълумоти мақомоти марбутаи Маскав, корҳои таъмирро тибқи қарордод, мутахассисони ширкати хусусии паймонкори ҶДММ “АкваТрейд” иҷро мекардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.