Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» - | Ҷаласаи дурӯзаи ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба поён расид. Дар ҷаласа аз фаъолияти яксолаи ҳизб натиҷагирӣ шуда  пешниҳодот барои фаъолияти ояндаи ҲНИТ  баррасӣ гаштанд.

фаъолони ҲНИТ зимни ҷаласа  масоили вижагии фаъолияти ҳизб дар давлати дунявӣ, нақши ҳизби динӣ дар ташаккули ҷомиаи демократӣ, ширкати занон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ,  масъалаи ширкат наварзидани  ҳизб дар интихоботи президентии соли 2013-ро шарҳ дода гуфт, қарори мазкур қатъӣ нест ва он метавонад дар дилхоҳ вақт иваз шавад.

Муҳиддин Кабирӣ  мутмаин аст, ки «қарори катъиро дар ин масъала бояд шӯрои ҳизб қабул кунад».