Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс —Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ доир ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии ин бонк доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти ташхиси техникӣ иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун, омўзиши таъсири иҷтимоӣ- экологии ин иншоот ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, натиҷаи марҳилаи аввали ташхис доир ба корҳои дар зарфи 30 соли гузашта анҷомёфта ҳафтаи равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд ва натиҷаҳои марҳилаи дуюм тирамоҳи соли равон омода хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаи нерўгоҳи Роғун ва натиҷаҳои марҳилаи аввали ташхиси он зимни нишасти намояндагони ҳукуматӣ ва аҳли ҷомеаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки ҳафтаи оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Алматои қазоқистон доир мегардад, баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфти Теодор Алерс, ҳадаф аз ташхиси ҳамаҷонибаи лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун ва ҳам муҳокимаи ин мавзўъ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор «дарёфти беҳтарин роҳҳои қобили қабул ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти сангини энергетикии Тоҷикистон мебошад».
Бо назардошти иштироки ширкатҳо ва коршиносони муътабари ҷаҳонӣ дар ташхиси лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаи кори онҳо ба баҳсу мунозираи кишварҳои минтақа атрофи ин мавзўъ хотима мегузорад.
Рафти ташхиси техникӣ-иқтисодии лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати барқии КАСА – 1000 низ аз мавзўъҳои сўҳбат буд.
Таваҷҷўҳи зиёд ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шароити болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ зоҳир карда шуд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ду грант ҷудо карда мешавад, ки яке ба дастгирии буҷети давлатӣ ва дувумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд равона хоҳад шуд.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста