Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 12-уми июни соли ҷорӣ бо сафари расмӣ аз чаҳор кишвари қитъаи Аврупо боздид мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огоҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар оғози сафари сарвари давлати Тоҷикистон дар шаҳри Страсбург суханронии ӯ дар назди вакилони Парлумони Аврупо ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз Фаронса Эмомалӣ Раҳмон озими Люксембург, Австрия ва Венгрия шуда, бо сарварони ин кишварҳо бобати роҳандозии муносиботи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои молияву энегетика, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ гуфтушунидҳо анҷом хоҳад дод.