Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — |Аз рӯйи натиҷаҳои интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии № 23-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар таърихи 29-уми май, директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Музаффар Исҳоқов вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Чи тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси комиссияи интихоботии шаҳрӣ Ҳусноро Мирзоева хабар дод, дар ин ҳавза номзадии худро ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯй Забиров низ гузошта буд.

Зикр гардид, ки баъди ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бо қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумруки Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъин гардидани писари сарвари давлат Рустами Эмомалӣ, дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт як ҷойи вакилӣ озод гардида буд.

Мутобики моддаи 26-и Қонуни конститутсионии ҷумҳурӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ», пас аз ба вазифа таъин гардидан, аз Рустами Эмомалӣ ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ шаҳри Душанбе соқит карда шуд.