Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сеюми ҳамасолаи муовинони вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туруманистон ва Ӯзбекистон озими пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мулоқот пагоҳ оғоз гардида, он аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ созмон дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот баррасии масоили густариши ҳамкории минтақавӣ ва роҳу воситаҳои мусоидати Маркази мазкури СММ ба кишварҳои минтақа ҷиҳати пешгирии таҳдидҳо ба амният ва рушди босубот дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ иқдоми махсуси сиёсии СММ маҳсуб ёфта, бо ташаббуси панҷ кишвари минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.