Дар рейтинги нави шиносномаҳои ширкати байнулмилалии консалтингии Henley&Partners Тоҷикистон дар зинаи 84-ум гузошта шудааст, ки дар муқоиса бо раддабандии соли пешин 4 зина поинтар аст.

Гуфта мешавад, тоҷикистониён бидуни раводид ба 58 кишвари дунё сафар карда метавонанд.

Қазоқистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт пешсаф буда, зинаи 67-умро ишғол мекунад. Қазоқистониҳо бе раводид ба 76 кишвар рафта метавонанд.

Қирғизистон дар мақоми 80-ум (сафар ба 63 кишвар бе раводид), Ӯзбекистон – 85-ум (57 кишвар) ва Туркманистон дар зинаи 90-ум (52 кишвар) ҷойгир шудаанд.

Зинаи аввалро дар ин раддабандӣ Ҷопон ишғол кардааст, ки шаҳрвандонаш бе раводид аз 191 кишвари дунё боздид карда метавонанд.

Зинаи дуюмро Сингапур (сафар бе раводид ба 190 мамлакат) ва зинаҳои сеюмро Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ (сафар ба 189 кишвар бидуни раводид) касб кардаанд.

Дар ин раддабандӣ Русия соҳиби зинаи 51-ум шудааст, ки бо 118 кишвари дунё реҷаи равуои бе раводид ҷорӣ кардааст.

Дар рейинг ҳамагӣ 107 кишвар зикр шуда, зинаи охирро Афғонистон ишғол мекунад ва танҳо бо 26 дават реҷаи равуои бе раводид дорад.

Индекси шиносномаҳои Henley & Partners, қаблан маъруф бо номи Индекси (шохиси) маҳдудиятҳои раводид (соли 2018 номаш иваз шуд), рейтинги байнулмилалии кишварҳо оид ба сатҳи озодии равуо мебошад, ки онҳо ба шаҳрвандони худ пешниҳод кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.