Равандҳои сиёсии Қирғизистон дар соли 2020 дар Осиёи Марказӣ таҳаввули амиқеро ба вуҷуд овард. Дар минтақа нигаронии ҷиддӣ оид ба муътадил шудани вазъи ин кишвар мавҷуд буд ва изҳороти муштараки роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ расонаӣ гардид, ки як иқдоми бесобиқа дар солҳои охир ба шумор меравад. Таъсири амиқи равандҳои сиёсии Қирғизистон ба сиёсати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ низ эҳсос шуд ва боиси он гардид, ки Нишасти машваратии сарони давлатҳо (бояд дар Бишкек мегузашт) дар соли 2020 баргузор нашавад.

Коршиносон аз нишасти соли 2020 интизориҳои зиёде доштанд, чун дар баробари пешравиҳои назаррас дар бахши ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки баҳсу баррасӣ ва пайдо намудани роҳҳалҳо ба нафъи ҳамаи давлатҳо аст. Ҳамин тариқ эълон гардид, ки нишасти навбатии машваратии сарони давлатҳо дар соли 2021 дар Ашқобод баргузор мешавад.

Агар таҳаввулоти сиёсии Қирғизистонро дар пасманзари ҳодисаҳои Белорус ва даргириҳои мусаллаҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ баррасӣ кунем, пас маълум мешавад, ки давлатҳои пасошӯравӣ ба як давраи мураккаб ворид шуданд. Бешубҳа, омили пандемияи COVID-19 низ ба ин таҳаввулот таъсири амиқ расонд. Сиёсати ҷаҳонӣ дар давраи пасоковидӣ унсурҳои навро меофарад ва бахусус, он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ эҳсос мешавад.

Яке аз унсурҳои муҳим ин ба таври васеъ сиёсишавии шаҳрвандон аст, ки бо назардошти мушкилоти вобаста ба пандемияи COVID-19 баръало маълум шуд ва дидгоҳи шаклгирифтаи “аз сиёсат дур будан”-и сокинони Осиёи Марказиро то андозае инкор кард. Мисоли равандҳои Қирғизистон намунаи барҷастаи ин раванд аст ва элитаи нави сиёсии ин кишвар агар пандемияи COVID-19 намебуд, ҳаргиз ба сари қудрат намеомаданд.

Аз ин дидгоҳ, намунаи Қирғизистон масъалаҳоеро ба вуҷуд овард, ки таҳлили алоҳидаро талаб мекунад. Дар умум, таъсири ҳаводиси Қирғизистон ба Осиёи Марказӣ паҳлуҳои мухталиф дошта, мо танҳо якчанд унсури онро зикр кардем.

Интихоботи нави Қирғизистон чӣ тағйироте дар ин кишвар ба вуҷуд меорад/овард?

Интихоботи роҳбари нави давлат дар Қирғизистон ба равандҳои дохилии ин кишвар бетаъсир нест. Баъзе паҳлуҳои онро мо дар ҷараёни корзорҳои таблиғотии номзадҳо мушоҳида кардем. Муҳимтарин сабақҳои ин раванд: боло рафтани риторикаи популистӣ дар ин кишвар мебошад, ки ҳамаи ҷонибҳо, ба хусус гуруҳҳои имрӯзаи элитарӣ васеъ истифода карданд(1); унсури миллатгароӣ аст, ки ҳам барои Қирғизистон ва ҳам барои минтақа таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеиро ба вуҷуд оварда метавонад(2) ва фаъол гардидани ҷомеаи шаҳрвадию ба вуҷуд омадани типи нави ҳизбҳои сиёсӣ(3) мебошад.

Эътирози тарафдорони Ҷабборов дар моҳи марти 2020. Бишкек.

Ҳар се нуктаи зикршуда ба таври умумӣ равандҳои дохилии Қирғизистонро дар марҳилаи кутоҳмуддат муайян хоҳанд кард. Зеро дар соли 2021 Қирғизистон боз интихоботи парлумониро баргузор мекунад ва эҳтимол бо назардошти натиҷаҳои раъйпурсӣ дар мавриди тағйири низом аз парлумонӣ ва президентӣ, интихоботи нави президентӣ низ баргузор шавад.

Яъне, соли 2021 барои Қирғизистон соли “гарм” буда, ҳамеша имкони аз мудирият берун шудани вазъ мавҷуд аст. Бо назардошти бетарафӣ ё беамалии ниҳодҳои масъули давлатӣ барои назорат ё мудирияти вазъ (тавре моҳи октябри соли 2020 ба назар расид) таъмини амнияту суботи нисбӣ низ мушкил мешавад.

Интихоботи нави Қирғизистон чӣ таъсире ба Тоҷикистон хоҳад гузошт?

Тоҷикистон бо назардошти дар Осиёи Марказӣ қарор доштан ва аз ҳама муҳим ҳамсоякишвари Қирғизистон будан, аз таъсири таҳаввулоти ин давлат берун нест. Табиист, ки ҳама гуна равандҳои сиёсию амниятӣ, ки дар давлатҳои ҳамсоя сар мезананд, ба Тоҷикистон таъсир мерасонанд.

Аз диди манфиатҳои миллии Тоҷикистон давлатҳои ҳамсоя ба ҳалқаи аввали авлавият ворид мешаванд. Рушди устувори онҳо ба кишвар низ таъсири мусбат мерасонад ва бесуботии онҳо бошад, бешубҳа ба татбиқи барномаҳои стратегии мо монеа эҷод мекунад (дар мисоли вазъи солҳои охири Афғонистон ин нукта бисёр равшан аст). Яъне, доштани ҳамсояи рушдкардаву босубот ҳамеша ба нафъи давлат аст. Нуктаи мазкур дидгоҳи умумӣ аст ва гуфтани ин ки таъсире надорад, то ҷое дуруст нест, вале таъсир дорад ва хоҳад дошт.

Дар марҳилаи кунунӣ барои Тоҷикистон аз диди мо се масъалае ҳаст, ки ба равандҳои ҷараёндоштаи Қирғизистон вобаста мебошад:

Якум, ҳалли масъалаи марзӣ ва анҷоми мушаххас намудани сарҳади давлатӣ. Масъалаи мазкур дар давоми 10 соли охир бисёр ҷиддӣ шуд ва ба талафоти ҷонии сокинони мулкӣ ва хидматчиёни низомӣ оварда расонд. Яъне тӯл кашидани раванди мушаххас намудани сарҳади давлатӣ ба “дарди сар” табдил ёфтааст, ки печида буда, пайдо намудани роҳҳал ҳам мушкил мебошад. Чанд шароите ҳаст, ки ба равандҳои дохилии Қирғизистон иртиботи ҷиддӣ дорад:

Яке аз минтақаҳои марзии низоъхези Тоҷикистону Қирғизистон

1) омили иҷрои созишҳои ҳосилшуда (имзошуда). Мушкил дар он аст, ки мақомдорони кишвари ҳамсоя на ҳамеша созиши ба дастомадаро риоя мекунанд. Оғоз намудани ин раванд аз сари нав боиси ба дарозо кашидани ҳалли масъала мешавад. Вале агар роҳбарияти нави Қирғизистон ба ин созишҳо устувор бошаду барои ҳалли масъалаи марзӣ кушиш ба харҷ диҳад, интизориҳои сокинони марзии ду ҷониб бароварда карда мешуд. Омили мазкур пештар то андозае ба набудани маркази ягонаи қабули қарор дар Қирғизистон вобаста буд ва бо гузаштани ин кишвар ба низоми идораи президентӣ эҳтимол ин масъала ҳалли худро ёбад. Содир Ҷабборов зимни сафари худ ба вилоятҳои ҷанубии Қирғизистон ҷиддӣ будани тасмими худро барои ҳалли масъалаҳои марзӣ изҳор намуд, ки агар онро амалӣ кунад, ба нафъи ҳарду (се, бо назардошти мавҷуд будани мушкилоти марзӣ бо Узбекистон) ҷониб аст.

2) омили марз ва истифода шудани барои ҳисоббаробаркунии элитаи вилоятҳои ҷанубӣ бо мақомдорони Бишкек. Аз баски Содир Ҷабборов ҷонибдорони зиёдеро дар вилоятҳои ҷанубӣ дорад, эҳтимол ин масъала дигар суистифода нашавад, вале агар суистифода гардад, пешбинӣ намудани пешрафти назаррас дар ин самт ғайриимкон аст.

3) омили риторикаи популистии миллатгароёна. Ин нуктаро бештар дар бораи роҳбари кунунии Қирғизистон расонаҳои мухолиф ба ӯ вобаста ба таҷрибаи пештарааш истифода карданд. Вале пешбинӣ намудани амалкарди эҳтимолӣ низ мушкил аст. Ба ҳар сурат, ин масъала низ таҳлилу баррасии алоҳидаро тақозо мекунад.

Дуюм, истифодаи зарфияти транзитии Қирғизистон барои берун рафтан аз бунбасти иртиботӣ ва табдил ёфтани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ. Агар зарфияти мавҷудаи ҳар ду давлат ба нафъи онҳо истифода шавад, бешубҳа омили мусбат аст. Вале, агар бо сабабҳои гуногун татбиқи созишҳои ба дастомада боз дошта шавад, пас таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити имрӯза барои кишвари мо аҳамияти фавқуллода муҳимро роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон дорад, чун имкони истифодаи он ҳам мавҷуд аст.  

Сеюм, таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣба нафъи ҳамаи давлатҳои минтақа буда, муборизаи муштарак бо гуруҳҳои ифротӣ низ аз манфиат холӣ нест. Дар пасманзари таҳаввулоти ахири Афғонистон ва бо назардошти қарор доштани ҷангандаҳои зодаи осиёимарказӣ дар вилоятҳои шимолӣ ин масъала тобиши дигар мегирад. Вале, мувофиқи иттилои паҳншуда, ки Содир Ҷабборов сафари нахустини худро ҳамчун роҳбари давлат ба Қазоқистон анҷом медиҳад, интизориҳоро дар самт, яъне идомаи густариши муносибатҳои наздики давлатҳои минтақа бештар мегардонад.

Дар умум, таъмини суботу амнияти нисбӣ дар Қирғизистон нафъи бештарро ҳам барои худи ин давлат ва ҳам ба ҳамсоякишварҳои ӯ дар Осиёи Марказӣ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.