Сиву як сол пеш, 25 феврали соли 1990 интихоботи вакилони халк ба Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин маърака санҷиши ҷиддӣ ҳам барои роҳбарияти СССР, ҳукумадорони вақти Тоҷикистон ва ҳам барои мардум ва хоса барои  номзадҳо ба депутатӣ гардид.

То имрӯз аз он интихобот ба сифати демократитарин ва шаффофтарин маъракаи сиёсӣ ном мебаранд, ки дар натиҷа шахсиятҳои қавии сиёсиро рӯи кор овард. Аз ҷумла, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чандин бор бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо гуфта буд, ки чӣ тавр дар муқобили 9 номзад ва новобаста аз фишори номенклатура ғолиб омад. Рақобат воқеан сахт дар ҳамаи ҳавзаҳо ҷо дошт. Бедори мардум имкон намедод, ки дар бисёрии ҳавзаҳои интихоботӣ ба онҳо фишор биёранд ва ба ҷонибдории “номзади арзандаи маълумкардаи ҳукумат” овоз диҳанд.

Чунин як маъракаи ҷиддӣ, ки ба Тоҷикистон имиҷи нави демократиро медод, мутаассифона барои кишвар гарон афтод. Тахминан 15 рӯз пеш аз интихобот, яъне аз 11 то 15 феврали соли 1990, дар шаҳри Душанбе бетартибиҳои оммавӣ рух доданд, ки мутаассифона боис ба хунрезӣ ва куштори мардуми бегуноҳ гардиду дар таърих ҳамчун “Баҳманмоҳи хунин” сабт шуд. Дар бораи сар задани ин ҳодисаҳои фоҷиавӣ назарҳо гуногунанд. Аз ҷумла ин ақида ҳам ҷо дорад, ки онро ба хотири пешгирӣ аз бедориҳои мардуми Тоҷикистон ва ҳақталабии онҳо дар доираҳои мушаххаси таъсиррасони замон барномарезӣ карданд. 

Душанбе. Тонкҳо дар муқобили мардуми эътирозгар, соли 1990
Акс: РИА Новости

Ҳарчӣ буд, бархе мансабдорони сатҳи баланд хостанд ин ҳодисаҳои хунинро ба манфиати тангназаронаи худ истифода намуда, рақибони худро бадном ва ҳамин тавр аз майдони сиёсӣ берун кунанд. Ин эҳтимол ҳам ҷо дошт, ки барои баъзе номзадҳои якраву гапнодаро парвандаи ҷиноӣ боз намоянд ва онҳоро муҷозот кунанд.

Чунин як хавф, аз ҷумла дар ҳавзаи интихоботии № 204, ки ҳудуди ноҳияи  собиқ Москва ва ҳоло ба номи Мирсаид Алии Ҳамадониро фаро мегирифт,  имкон дошт нисбати номзад ба вакилӣ, шахсияти таъсиргузор Абдулло Ҳабибов пеш биёяд.

Халқ "душманаш"-ро напазируфт

Гап сари ин мерафт, ки баъд аз воқеъаҳои хунини февралӣ Бюрои Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, полковники ВКД Абдулло Ҳабибовро яке аз ташкилкунандагон ва гунаҳгорони асосӣ ҳисобида, тақрибан бо маънои зерин қарор қабул намуд:

- Абдулло Ҳабибов аз вазифаи сардори шӯъбаи сиёсии ВКД озод карда шавад;

Аз сафи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон хориҷ гардад;

- Нисбати Ҳабибов парвандаи ҷиноятӣ барои ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ, ташкил намудани табадуллоти давлатӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон оғоз карда шавад;

Дар матбуот ва рӯзномаҳои давлатӣ ба муқобили ӯ мақолаҳо ҳамчун “душмани халқ” таҳия ва нашр шаванд;

Дар Кумитаи марказии Ҳизби коммунист гурӯҳи махсуси иборат аз кормандони ҳизбӣ  ва масъулини салоҳиятдори мақомоти махсус ташкил шуда, ба ноҳияи Москва сафарбар гарданд, то Ҳабибов ба интихоботи депутатҳои Шӯрои Олӣ роҳ наёбад.

Шоҳидони бевоситаи он рӯзҳо аз ҷумлаи сокинони ноҳияи феълан ба номи Ҳамадонӣ нақл мекунанд, ки дар ҳақиқат он шабу рӯз ба ноҳия гурӯҳи калони корӣ омада, хона ба хона гашта, мегуфтанд, ки “ба Абдулло Ҳабибов овоз надиҳед, зеро ӯ яке аз сабабгорони воқеаҳои хунин мебошад”. Онҳо дар даст нашрияҳои марказиро доштанд, ки дар онҳо матолиб таҳти унвони “Душманони халқ” нашр шуда буд ва аксу номи Ҳабибов бо ҳарфҳои калон зикр гардида буд. Ин матолибро хона ба хона тақсим мекарданд. Ин гуна бархӯрд ҳарчанд ба Ҳабибову пайравонаш зарбаи сахти маънавӣ мезад, аммо дар байни халқ натиҷаи баръакс дод. Акнун онҳое, ки аз полковники ВКД ва шахсияти таъсиргузор шинохти зиёд надоштанд, номашро шуниданд ва баъд дар маҳфилҳои байниҳамдигарӣ ин шахс ва фаъолиятҳояшро баррасӣ намуданд.

Дар натиҷа Абдулло Ҳабибов новобаста аз фишорҳову маъракаи сиёҳсозиву тӯҳмат дар интихобот ғолиб омад.

Дертар дар яке аз мусоҳибааш бо рӯзноманигор Ислом Юсуфӣ (рӯзномаи “Зафар” –и ноҳияи Москва, 22 июни соли 1991) дар робита ба ин қазия зикр мекунад:

“Дар он рӯзҳои сахт ва сиёҳ барои ман ва оилаам, ба онҳое ташаккур мегӯям, ки ба дурӯғ бовар накарданд, тӯҳмат будани ҳамаи ин овозаҳоро фаҳмида, маро дар ин рӯзи бароям мушкил дастгирӣ карданд. Дӯстони ҳақиқиро ман маҳз дар ҳамин айём шинохтам. Дӯстони ман пеш аз ҳама худи халқ буд. Ҳамон халқе, ки маро тарбия карда, ба камол расондаст. Ҳамон халқе, ки ба ман роҳи дурусти зиндагиро нишон дод. Ҳамон халқе, ки дар чунин рӯзҳои пурғавғо ба ман бовар карда, ба депутатӣ пешбарӣ ва интихоб кард. Ман дар назди бузургии халқи худ сари таъзим фурӯд меорам!”.

Ҳамон тавре шоҳидон медонанд, дар натиҷа Абдулло Ҳабибов яке аз вакилони фаъол, хоса дар блоки демократии Шӯрои Олӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар мубоҳисаҳои парлумонӣ хеле қотеона суханронӣ мекард, масоили мубрами рӯзро баррасӣ менамуд, яке аз онҳое буд, ки барои соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон бо вакилони ватандӯсти дигар талош намуд ва ниҳоят онро расмӣ карданд.

Абдулло Ҳабибов, соли 1990

Дар ин баробар, Ҳабибов барои исботи бегуноҳии худ давоми ду сол талош намуд ва тавонист ахиран ҳақро ба ҳақдор расонад. Дар натиҷа парвандаи ҷиноятӣ бо далели “мавҷуд набудани ягон аломатҳои ҷиноӣ дар ҳаракатҳояшон” қатъ гардид. Бюрои Кумитаи марказии Ҳизби коммунист масъалаи аз ҳизб хориҷ кардани ӯро баррасӣ намуда, Ҳабибовро дубора ба сафи ҲКТ барқарор намуд. Аслан ин бозгашти ӯ ба Ҳизби коммунист набуд, чун Ҳабибов акнун нафари демократ буда, аз мавқеи онҳо ҷонибдорӣ мекард. Барқарор намуданаш дар ҳизб фақат маънои исботи бегуноҳиро дошт. Ҳамчунин полковник Ҳабибов ба масъулияти пешинаи худ дар Вазорати корҳои дохилӣ барқарор гардид. Кормандони прокуратура ва дигар шахсони масъул бо воситаи суд “барои чоп ва паҳн кардани мақола ва маълумотҳои тӯҳматомезу дурӯғ дар маҷалаҳои марказии давлатӣ нисбати Ҳабибов” гунаҳгор ҳисобида шуда, дар суд ва матбуот аз ӯ бахшиш пурсидаву ҷарима шудаанд.

Пас аз рӯи кор омадани ҳукумати феълӣ ҳам Абдулло Ҳабибов дар сохторҳои масъули давлатӣ ба сифати муовини Раиси Кумитаи гумрук, муовини Вазири мудофиа, мудири шӯъбаи ҳуқуқ ва тартиботи Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон ва дастгоҳи шаҳдории Душанбе фаъолияти пурсамар намуда, рутбаи генералиро ҳам соҳиб гардид.

Мутаассифона 25 апрели соли гузашта, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз таҷлили зодрӯзи худ ҷон ба Ҳаққ таслим намуд.

Агар Эмомалӣ Раҳмон аз мубориза даст мекашид...

 Ёдоварӣ аз ин маърака ва бархӯрдҳои он ба он хотир аст, ки бояд дарк намуд: дар натиҷаи бадномкунии гурӯҳҳои мушаххас, ки мутаассифона ҳоло ҳам баъзан ба чашм мерасанд, имкон дорад мо шахсиятҳои муҳимми худро аз даст бидиҳем.

Аз ин бештар, маъракаҳои пуррақобату шаффоф ва демократӣ боис ба пайдоиши шахсиятҳои таъсиррасону қавӣ мегардад, ки барои давлатсозӣ хеле муҳиманд. Масалан, агар ҳамон соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон ба фишорҳои номенклатураи шӯравӣ тоб намеоварду аз мубориза дар муқобили номзадии прокурори ноҳияи Данғара даст мекашид, Тоҷикистон оё як сиёсатмадори машҳури худро қурбон намекард?

Сари чунин масъалаҳои стратегӣ ҳам бояд жарф андешид...

Ин матлаб аз торнигори “Рӯзи нав” бо Раҷаб Мирзо бознашр шудааст ва дидгоҳи шахсии муаллиф аст.