Лоиҳаи санадҳое, ки тибқи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекистон ба Душанбе аз имзои онҳо интизорӣ меравад, бо иштироки муовинони вазирони сохтори иқтисодии ҳукумати ҳар ду кишвар омода мешавад.

Имрӯз, 21 апрел як гурӯҳи сершумори намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳайати муовинони вазирони сохтори иқтисодии ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

“Меҳмонон ҳамроҳи ҳамтоёни тоҷики худ ба корҳои омодакунии лоиҳаи санадҳо, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекстон ба Душане аз имзояшон интизорӣ меравад, оғоз мекунанд”, - гуфт манбаъ.

Дар баробари ин, ҳайати ҳукумати кишварҳо масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов 24 апрел дар Хуҷанд вохӯрда, ҷараёни корҳои омодагиро ба сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, инчунин маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо байни кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 10 то 12 апрел бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Ин чорумин сафари Мирзиёв ба Тоҷикистон ба сифати президенти кишвари ҳамсоя мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.