Сарвазири  Ӯзбекистон Абдулло Орипов 24 апрел бо сафари корӣ ба Тоҷикистон  ташриф овард.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, зимни мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода самтҳои муҳим, аз ҷумла сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм, фарҳанг, содироту воридоти  маҳсулот, тандурустӣ, роҳи оҳан, гумрук, энергетика  ва дигар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба тақвият бахшидани ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Гуфта мешавад, дар доираи ҳадафҳои созанда ва дурбинонаи сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстӣ миёни ин ду кишвар афзуда, дар ин самт дастовардҳои назаррас рӯи кор омад.

“Ӯзбекистон яке аз шарикони пешсафи иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвари дўст дар соли 2020 333,8 миллион доллари америкоиро ташкил намуд, ки дар самти раддабандии кишварҳои бо Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулотдошта Ӯзбекистон мавқеи сеюмро ишғол менамояд”, - омадааст дар хабари хадамоти матбуоти раиси вилоят.


Зикр мешавад, ки новобаста аз натиҷаҳои бадастомада афзун намудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, бунёди коргоҳу корхонаҳои  истеҳсолӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун зарур шуморида шуд.

Ба иттилои манбаъ, зикр карда шуд, ки дар самти равнақ бахшидани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 29 созишномаву шартномаи нави ҳамкорӣ дар  баррасӣ қарор дорад.

Вобаста ба истифодаи имкониятҳои то ҳол истифоданашуда миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ниҳодҳои ваколатдор талаб карда шуд, ки дар ин самт ҳарчӣ зудтар чораҳои таъхирнопазир андешанд.


Дар идома ҳайати расмии кишвари ҳамсоя бо Қоҳир Расулзода аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд боздид намуда, ба ҳайати меҳмонон расму оин, фарҳанг, таърих, мероси ғаннӣ доштани миллати тоҷик ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол муаррифӣ карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.