Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркманистон таъзия ва тассалиёти амиқи худро дар робита ба талафоти гарон – фавти падараш изҳор намудааст.

“Дар ин рӯзҳои ғамангез ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил мехоҳам”, - таъкид дошт Пешвои миллат.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом доданд.

“Дар ин зимн, сарони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин ҷаласаи навбатии комиссияи муштаракаи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо мақсади баррасии ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баргузор намоянд”, - зикр мешавад дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Мяликгулӣ Бердимуҳамедов, падари президенти Туркманистон 18 апрел дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт. 19 апрел Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба Гурбонгулӣ Бердимуҳаамедов барқияи тасаллият ирсол намуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.