Қирғизистону Тоҷикистон то 9 май 112 километр сарҳадро муайян мекунанд, гуфтааст раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар деҳаи Оксат.
Тавре 24.kg иттилоъ медиҳад, ӯ изҳор доштааст, ки оид ба якчанд қитъаҳо ҷонибҳо ба хулосаи ягона расидаанд. Нишон додани он дар харитаҳо бояд то 9 май ба анҷом расад.
Зимни вохӯрии сарои кишварҳо созишнома ба имзо расида, сипас таъйин ва аломатгузории сарҳад анҷом дода мешавад.
Протоколи имзошударо оид ба таъйину аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳо ҳоло расман шарҳ надодаанд.
Қобили зикр аст, ки масофаи умумии сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон 980 километрро ташкил медиҳад, ки қариб нисфи он (зиёда аз 370 километр) дар маҳал нишон дода нашудааст.
Маводи муфассал аз ҷараёни пешинаи рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста