Дар ҳошияи вохӯрии дуюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ - Чин” дар шаҳри Сиани Чин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбаев дидору гуфтушунид анҷом дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили иҷрои ҳарчи зудтари қарордодҳои имзошуда аз ҷониби сарони давлатҳо, санадҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кориро оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо баррасӣ намуданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро байни кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Дар шаҳри Сиан Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи 5-умин Ярмаркаи байнулмилалии “Роҳи Абрешим”, ки таҳти шиори “Робитаи мутақобила, сохтмони муштарак ва истифода” (Взаимосвязанность, совместное строительство и использование) мегузарад, иштирок ва суханронӣ кард.
Зимни суханрониаш ӯ иброз дошт, ки Ярмаркаи байнулмилалии “Роҳи Абрешим” ба сифати платформаи нав барои рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа муҳим аст.
Аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳо бо мақсади шиносоӣ бо мероси таърихӣ ва фарҳангии халқҳо ва муаррифии молу маҳсулоти миллӣ, инчунин имконоти мавҷуда баҳри густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, саноату энергетика ва кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия таъкид шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин пешниҳод намуд, ки ба тақвияти талошҳо баҳри бештар пурсамар истифода шудани имконоти бузурги минтақа дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишварҳо идома дода шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста