Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 19 май дар Қасри миллат ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 100 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи умумии 2,1 млрд доллари америкоӣ, изҳори қаноатмандӣ кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои пешгирии ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани паёмадҳои он муҳокима гардид.
“Изҳори умед карда шуд, ки БҶ ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон дар ин давраи ҳасос барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи ҳукумати кишвар дар самти бартараф намудани паёмадҳои пандемияи коронавирус ва таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии буҷети давлатӣ, рушди бахши соҳибкорӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ баррасӣ карданд.
На встрече также были обсуждены вопросы сотрудничества сторон в сферах энергетики, транспорта, поддержки госбюджета Таджикистана, развития частного сектора экономики страны, устранения последствий стихийных бедствий.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Билетҳоро бозпас медиҳанд”. Парвози тоҷикон ба Русия кам шудааст
Чӣ тавр оид ба кор дар Британияи Кабир маълумоти ройгон пайдо кардан мумкин аст?
“Ба фитнаву бало гирифтор нашавед!”. Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, эҳтиёткор бошанд
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста