Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, шоми рӯзи 19 май ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии ҳукумат дар ноҳияи Варзоб даъват кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ сарони ҳар ду кишвар табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карда, вохӯрии ғайрирасмӣ доир намуданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз, 20 май дар Қасри миллат маросими расмии оғози сафари расмии президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон баргузор мешавад.

1/18

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Дар ин ҷо гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он бастаи нави созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 19 май Қосим-Жомарт Токаевро шахсан дар фурудгоҳи Душанбе гарму самимӣ истиқбол намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.