Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати сарвазири Покистон Имрон Хон ба ин кишвар меравад.
Сомонаи “ARY News” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Покистон менависад, ки Президенти Тоҷикистон 2 июни соли равон озими ин кишвар мешавад ва ду рӯз онҷо мемонад.
Сафари Эмомалӣ Раҳмонро Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур низ ба “Азия-Плюс” таъйид кард.
"Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари расмӣ доранд ва интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо ва инчунин масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шаванд”,-гуфт Шарифзода.
Ҳамчунин миёни ду давлат як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, маориф, фарҳанг, нақлиёт имзо хоҳанд шуд,-мегӯяд Шарифзода.
Интизор меравад, ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, дифоъ, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ, гуфтугӯ кунанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расанд.
Ҳамчунин, дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Покистон Ориф Алавӣ мулоқот кунад.
"Покистон ва Тоҷикистон муносибатҳои наздики бародаронаро бар пояи эътиқоду таърихи муштарак ва наздикии фарҳангӣ нигоҳ медоранд. Ду кишвар дар мавриди масъалаҳои асосии минтақавӣ ва байналмилалӣ нуқтаи назари муштарак доранд ва дар форумҳои гуногуни бисёрҷониба ҳамкории зич доранд , - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Покистон.
Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Покистон рафта буд. Аз соли 1994 то ба ҳол Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 7 бор ба Покистон сафар намудааст.
Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ моҳи марти соли 2021 ба Душанбе ташриф оварда, дар нишасти вазирони Қалби Осиё - Раванди Истамбул ширкат намуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста