Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 июн дар робита ба ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони Покистон бар асари бархурди садамавии қатораҳои мусофирбар ба сарвазири ин кишвар Имрон Хон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки “хабари ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари бархурди садамавии қатораҳо дар музофоти Синди боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

“Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба мардуми дӯсти Покистон аз Ҷаноби Олй хоҳишмандам, ки ҳамдардии моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба пайвандони онҳо аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил ва ба маҷрӯҳшудагон шифои комил хоҳонам», - омадааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки дар минтақаи ҷанубу шарқи Покистон бар асари бархӯрди садамавии ду қатораи мусофирбар дастикам 40 нафар ҳалок шуда, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора ВВС хабар медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.