Дар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ордени "Зарринтоҷ", дараҷаи 1, доданд. Маросими тақдими он шоми 10-уми июн дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе, дар маҳфили фарҳангии ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишвар бо номи "Шоми дӯстӣ" гузашт.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин орден "Барои хидматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва узбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ" дода шуд.
Мирзиёев рӯзи 10-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Мақомоти ду кишвар дар ин рӯз 36 санад, аз ҷумла дар мавриди интиқоли бор тавассути Узбекистон ва сафари сокинони ду кишвар, имзо карданд.
Дирӯз раисони ҷумҳури ду кишвар як изҳороти муштаракеро нашр карданд, ки бисёр бепешина буд ва дар он ба ҳамкориву ҳампаймони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъкид мешуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста