Ҳафтаи гузашта Иброҳим Раисӣ шахсияти пурсарусадо ва зиду нақизе бар арикаи қудрати Ҷумҳурии исломии Эрон такя зад. Эроне, ки ба унвони як қудрати минтақаӣ бозигари мустақиле дар минтақаи ҷанубу шарқи Осиё ва Ховари Миёна асту талоши қудратҳои ҷаҳон барои зери бор кашидани ин кишвар то кунун натиҷа надодааст. Ҳамин бозигарии мустақил Эронро дар 40 соли ахир дар рӯёрӯёӣ бо мушкилоти фаровоне қарор додаст. 

Омадани Раисӣ ҳам дар замоне сурат мегирад, ки Эрон дар яке аз буҳронитарин марҳилаҳои ҷумҳурии исломӣ қарор дорад ва зери шадидтарин таҳримҳои кишварҳои Ғарб дасту поча мезанад.

Аз сӯйи дигар омадани раисӣ дар замоне иттифоқ уфтод, ки яхи равобити ин кишвар бо Тоҷикистон пас аз як давраи чандсолаи сардӣ рӯ ба обшавӣ дорад. Аз сӯйи дигар, Тоҷикистон бо Эрон ҷудо аз равобити дипломатӣ, ба лиҳози тамаддуниву фарҳангӣ ва забониву динӣ ва ҳамтаборӣ пайвандҳои муштараке дорад, ки дар гузаштаи ин ҳавзаи тамаддунӣ, фарҳанги бузурги эрониро офаридааст. Аз ин рӯ, равобити ин ду кишвар ҳамеша дар баҳсҳои коршиносӣ ва ҳам дар сатҳҳои сиёсӣ матраҳ аст. Дар гузашта Тоҷикистон Эронро яке аз кишварҳои шарики стратегӣ медонист ва Эрон ҳам чандин тарҳҳои бузурги иқтисодиро дар Тоҷикистон иҷроӣ кард. Аммо дар 4-5-соли ахир сардии бепешинае дар равобити ин ду кишвар ба миён омад.

Ҳоло бо омадани Раисӣ ҳамагь ба ин суол посух меҷӯянд, ки равобити ду кишвар ба куҷо мекашад? Посухи ин суолҳоро аз коршиносони тоҷик бихонед.

Сайфуллоҳ Муллоҷон, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:

Усулгароён ҳамеша равобити хубе бо Тоҷикистон доштанд

Сайфуллоҳ Мулоҷҷон

- Дар иртибот бо вазъи дохиливу хориҷии Эрон кори Раисӣ душвор мешавад. Чунки пеш аз ҳама, бо интихоби дараҷаи поини райъи мардум интихоб шуд ва таърихи Эрони исломӣ чунин ҳузури ками мардумро дар интихоботи президентӣ ёд надорад. Се миллион нафар бар зидди ҳамаи номзадҳо овоз додаанд. Аз нигоҳи хориҷӣ, мушкили умдаи Раисӣ ин маҷмӯи таҳримҳои камаршикани Ғарб нисбати Эрон аст, ки дасту пойи Эронро бастаанд. Бо вуҷуди он ки ин таҳримот ба Эрон фишори зиёд овардаанд, вале ӯ чандон ҷонибдорӣ ҳамкорӣ бо Ғарб нест. Омадани Раисӣ ба яке аз давраҳои мушкилтарини Эрон иттифоқ афтод ва ӯ бояд бо мушкилиҳои зиёде дасту панҷа нарм кунад.

Дар робита ба равобити Тоҷикистон ва Эрон хушбин ҳастам, чунки Раисӣ аз усулгароён аст. Аслан дар Эрон ду гурӯҳ амал мекунанд: усулгароён ва ислоҳотхоҳон. Таърихи муносибатҳо нишон медиҳад, ки робитаи Тоҷикистон бештар дар давраи усулгароён беҳтар буд, ки намунааш давраи роҳбарии Аҳмадинажод аст, ки бо мо робитаи гарму наздик дошт.

Усулгароён дар маҷмӯъ, бо ҷаҳони ислом бештар робита мекунанд ва ислоҳотхоҳон бошанд, бисёртар хоҳони беҳбуди ислоҳот бо ҷаҳони Ғарб ҳастанд.

Ҳамчунин, сафари охири ду вазири қудратии Тоҷикистон ба Эрон аз об шудани яхҳо дарак медиҳад. Ба ғайр аз ин, қарор аст, Эрон узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) гардад ва Тоҷикистон тасмим дорад аз узвияти ин кишвар ҷонибдорӣ кунад. Дар пасманзари робитаҳое, ки шарики стратегии асосии мо-Русия бо ҷаҳони Ғарб дораду тангтар мешавад ва Эрон ҳам ҳампаймони ин аст, дар ҳар сурат нисбат ба 5-6 соли охир байни ду давлат як давраи муътадили робитаҳо дар назар аст.

Умед Ҷайҳонӣ, донишманди тоҷик, коршиноси масоили Эрон:

Раисӣ умри ҷумҳурии исломиро ду даҳсола дароз мекунад

- Раисӣ метавонад умри ҷумҳурии исломиро барои ду даҳсола дароз кунад. Ӯро раҳбари инқилоби исломӣ оятуллоҳ Хоманаӣ пуштибонӣ мекунад ва ҷонишини худ мешуморад. Яъне Раисӣ низ чун Хоманаӣ аз симати раисҷумҳур ба раҳбарии Эрон хоҳад расид. Дар ин даврони гузор аз раисӣ ба раҳбарӣ муҳофизакорон, ки Раисӣ аз миёнашон бар хостааст, дар маҷлис ва давлат аксариятро доро хоҳанд буд. Аммо ҳамзамон бо тасбити вазъияти мавҷуди сиёсӣ ва иҷтимоӣ, маслиҳатгароӣ ё прагматизмро пеш хоҳанд гирифт. Заминаро барои ин сиёсат давлати Руҳонӣ омода карда, ки ҳам музокирот барои роҳандозии Барномаи ҷомеаи иқдомоти муштарак дар заминаи энержии ҳастаӣ бо Ғарбро аз сар гирифта ва ҳам бо Чин қарордоди ҳамкориҳои роҳбурдӣ барои 25 сол баста аст.

Умед Ҷайҳонӣ

Равобити Тоҷикистон ва Эрон дар замони раёсати ҷумҳурии Раисӣ беҳбуд хоҳанд ёфт, агар вай вазирони дифоъ, амният ва корҳои дохилии кунуниро дар давлаташ нигаҳ дорад.

Табрикоти раисҷумҳур Раҳмон ба Раисӣ ба муносибати пирӯзияш дар интихоб ин маъниро дорад, ки Тоҷикистон омода аст равобитро дар болотарин сатҳ низ беҳбуд бахшад ва ҳамкориҳоро дар ҳама заминаҳо густариш диҳад.

Аммо иқтисоди Эрон, ки аз таҳримҳо сахт зиён дидааст, феълан чандон дилгармие барои пешбиниҳои хушбинона намедиҳад. Шояд дар даври дувуми раёсати Раисӣ ҳамкориҳо бештар тавсеъа ёбанд.

Бахтиёр Холиқов, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС:

Умедворем Эрон сиёсати худро бо Тоҷикистон бознигарӣ мекунад

- Иброҳим Раисӣ шахсиятест, ки солҳои дароз дар ҳайати роҳбарии Эрон дар вазифаҳои баланд кор кард ва барои сиёсат ва давлатдории Эрон шахсияти нав нест. Ӯ дар солҳои охири фаъолияташ яке аз реформатор ё навгароёни ин кишвар маҳсуб меёбад ва он таҳаввулоте, ки дар бахши судӣ амалӣ намуд, хусусияти инсонгароёна дорад. Бинобар ин, бо омадани ӯ ба сари мансаб бовар дорем, як рӯҳияи таҳаввулгароӣ дар низоми сиёсати Эрон ба вуқуъ мепайвандад.

Чун имрӯз ҷомеаи худи Эрон интизори як навигарӣ ва таҳаввулоти ҷиддӣ дар низоми давлатдорӣ аст. Аксарияти он ҳаракатҳои озодихоҳӣ-демократие, ки дар Эрон мегузарад, даъвои озодтар шудани ҷомеа ва давлатдории Эрон ва бештар пайвастан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Бо он таҷрибае, ки Раисӣ дорад аз уҳдаи ин кор баромада метавонад.

Нуктаи дигар ин аст, ки байни низоми давлатдории ҷумҳуриявӣ ва низоми руҳонии ин кишвар ихтилофҳои ҷиддӣ вуҷуд дошту дорад. Раисӣ метавонад, ки ҳамин ихтилофотро аз байн барад. Зеро ӯ шахсиятест, ки аз дохили низомии давлатдории ҳукукмати Эрон берун омадааст ва аз давраи инқилоби Эрон пайвастагиҳои наздик бо бахши руҳониёни ин кишвар ҳам дорад. Ӯ яке аз шахсиятҳои наздики Хоманаӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ӯ метавонад, як навъ пайванди табиии дубораи ҳукумати иҷроия ва ҳукумати руҳониёнро ба вуҷуд биёрад. Хулоса, интизорем, ки баъди Раисӣ дар низоми давлатдории Эрон як навъ созишҳои ҷиддӣ байни ду табақаи ҳукумат-ҳукумати иҷроия ва руҳониён ба вуҷуд меояд.
Бахтиёр Холиқов

Тӯли 3-4 соли охир чанд қадами ҷиддӣ дар самти наздик намудани равобити сарди Тоҷикистону Эрон анҷом дода шуд ва бовар дорем, ки ин на танҳо наздикшавии бахши ҳокимияти иҷроияи Эрон, балки Эрон сиёсати худро бо Тоҷикистон дубора бознигарӣ хоҳад кард. Ин мавқеи давлатии Эрон аст ва бо омадани раисиҷумҳури нав ҳамин мавқеъ боз ҳам қавитар мегардад. Мутмаинем, ки дар солҳои наздик Раисӣ дар давраи роҳбарии худ бахши равобитро бо Тоҷикистон қавитар мекунад ва он иқдомҳои ҷиддие, ки дар  се соли охир барои бознигарии ҳамкориҳои дипломатӣ байни ду кишвар андешида шуда, санадҳои ҷиддӣ ба имзо расидааст, онро ба сифр баробар намекунад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон аллакай омодагии худро барои густариши равобит гуфтааст ва сафарҳои охир ва имзо шудани санадҳо баёнгари онанд, ки Тоҷикистон омодаи ҳамкориҳо аст. Агар минбаъд низ таҳаввулот идома ёбад ва ҳамкориҳо самти мутақобилӣ дошта бошанд, албатта, робитаҳо боз ҳам наздиктар мегардад ва ин ба манфиати Тоҷикистон ва  Эрон аст.

Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси омӯзиши масоили Афғонистону Эрон:

Ҷаласаи душанбегии созмони Шонгҳой масоилро ҳал хоҳад кард

- Барои шахсоне, ки бо фазои сиёсии Эрон ва марҳалаҳои асосии рушди ин кишвар дар давраи баъд аз соли 1989 ошноанд, як чиз мусаллам аст, ки дар низоми давлатдорӣ ва равобити Эрон бо кишварҳои хориҷ кам таҳаввулот ба вуҷуд омадааст.

Аз ин нигоҳ, баъди омадани Раисӣ ҳам дар Эрон ягон тағйироти ҷиддӣ дар ин кишвар намешавад. Зеро қабл аз он ки Раисӣ президент интихоб шавад, Ғарб ӯро ба рӯихати таҳримҳои худ ворид карда буд. Ба ғайр аз ин, коршиносон эътироф мекунанд, ки ӯ ба ҷиноҳи консервативии элитаи сиёсии Эрон мансуб аст ва аз ин рӯ, чизи наверо интизор шудан ғайриимкон аст.
Раҳматулло Абдуллоев

Чандин сол аст, ки зиёиён ба беҳбудии равобити байни Тоҷикистону Эрон умед доштанд. Ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам. Мутаассифона, дар ин давра, он чизе ки мардуми Тоҷикистон аз Эрон интизор доштанд, мушоҳида накарданд. Тоҷикистон ва Эрон аз лиҳози арзишҳое, ки низоми давлатдорӣ устувор аст ва муносибатҳои худро бо дигар давлатҳо рушду такомул медиҳанд, аз ҳамдигар хело фарқ доранд. Он як давлати исломӣ аст ва Тоҷикистон як давлати дунявӣ. Аз ин лиҳоз ҳам замина барои наздикшавӣ камтар вуҷуд дорад.

Хулоса, ба зудӣ дар равобити Тоҷикистон ва Эрон чизеро мунтазир шудан ғайриимкон аст. Ҳарчанд, ки беҳбудии муносибат байни Тоҷикистон ва Эрон ба манфиати мардуми ҳарду кишвар аст. Махсусан дар шароите, ки Эрон ба фишори давлатҳои Ғарб дучор аст ва дар рӯёрӯӣ бо нерӯҳои Ғарб қарор дорад, беҳтар гардидани муносибати Эрон бо мо баманфиат аст. Ҳамчунин, инҷо мавзуи шомили Созмони ҳамкории Шонгҳой шудани Эрон матраҳ аст ва дар гузашта Тоҷикистон бар зидди пазируфтани Эрон ба ҳайси узви ин созмон овоз дод буд. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи душанбегии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ин масъала пурра ҳалли худро ёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.