Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (ИА) сафир Тери Хакаларо ба вазифаи Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо таъин намуд. Ӯ аз 1 июли соли равон ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз мекунад.

Дар ин вазифа намоянда ба ҳамкории ҳамаҷониба идомадоштаи Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад кард.

Тавре аз ҳайати ИА дар Ӯзбекистон хабар додаанд, ин ҳамкорӣ доираи васеи масоилро дар соҳаҳои амнияту волоияти қонун, муҳити зист, захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, маориф ва ҳуқуқи инсон, бахусус вазъияти занон дар ин самт фаро мегирад.

Дар Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ инчунин мусоидат ба рушди муҳити корӣ ва робитаи мутақобилаи устувор, ҳавасмандсозии сармоягузорӣ муҳим дониста шудааст. Муҳимияти ин стратегия вобаста ба вазъ дар Афғонистон зиёдтар мешавад.

Тери Хакала дипломати кадрии Финландия бо таҷрибаи корӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар ҳошияи САҲА мебошад. Ӯ дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ дар хориҷа, аз ҷумла дар сатҳи сафир дар Русия, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқб дар Женева кор кардааст. Ҳамагӣ чанде пеш ӯ ба ҳайси сафир оид ба масоили гибридӣ, технология ва амният дар Вазорати корҳои хориҷии Финландия фаъолият дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.