Рӯзҳои 28-29 июни соли равон сафари расмии президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар бораи баррасӣ шудани кадом масъалаҳо байни ҷонибҳо дар ин сафар чизе гуфта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари Содир Жапаров ба Тоҷикистон ба унвони президенти Қирғизистон аст.

Ҳанӯз 30 апрел сарони кишварҳо ба тавофуқ расида буданд, ки нимаи моҳи май дар Душанбе нишасти рӯ ба рӯ баргузор мекунанд.

Он замон Эмомалӣ Раҳмон аз Содир Жапаров ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб даъват ба амал оварда, даъват бо камоли майл аз ҷониби президенти Қирғизистон пазируфта шуд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо оид ба ҳодисаҳои низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намуда, вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор дода буданд.

“Аҳаммияти хоссаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қушунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида   равона шуданд, таъкид гардид”, - хабар дода буд он замон хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар ин зимн президентҳо муҳиммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намуда буданд.

Дар рафти суҳбати рӯзи дигар, 1 май сарони давлатҳо ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.