Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 28-29-уми июн бо як сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Ин сафар, бояд дар моҳи март сурат мегирифт, ки баъдан ба моҳи апрелу миёнаҳои моҳи май ба таъхир гузошта шуда буд. Вале ҳаводиси рӯзҳои 28-30-юми апрели соли ҷорӣ муносиботи Тоҷикистону Қирғизистонро ба сардӣ кашонд. Рӯзи 30-юми апрел эълон шуд, ки сафари Ҷабборов дар миёнаҳои моҳи май сурат мегирад, вале ин ба вокуниши тунди ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар рӯ ба рӯ шуд.

Ба ҷуз хисороти калони ҷониву молӣ, ин ҳаводис натиҷаҳои манфии дигаре ҳам ба дунбол дошт. Аз ҷумла Қирғизистон ба таври расмӣ, аз 21-уми майи имсол марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст. Ҳатто мавридҳое шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз дохили ҳавопаймоҳо берун кашид. Танҳо иҷоза дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Қирғизистон берун шаванд, ҳаққи вурудро надоранд. Ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон талош доранд Тоҷикистонро ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноии Лоҳа (Гаага) бикашанду дар ҳаводиси ахир ҷавобгар кунанд.

Гузашта аз ин комиссияҳо ва ҳайатҳои ҳукуматии ду тараф ҳам то кунун дар мавриди баҳсҳои марзӣ ва таъину аломатгузории марзи давлатӣ пешрафтҳои чашмгире надоранд.

Дар чунин мақтаи замонии бепешинаи равобити ду кишвар сафари нахустини расмии Ҷабборовро бархе коршиносон ба фоли нек гирифтаанд.

Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос ва коршиноси равобити байналмилал назари худро ба ду суоли мушаххаси “Азия-Плюс”: "аз нахустин сафари Ҷабборов чӣ интизор доред ва оё баҳси марзӣ ниҳоӣ мешавад?" бо мо шарик карданд:

Дар Осиёи Марказӣ бо вуҷуди тамоюли мусбате, ки дар 5 соли охир ба  назар мерасад, яке аз масъалаҳои умда ва ҳалталаб – поён наёфтани раванди мушаххас ва аломатгузории марзҳо аст. Ин мушкил бахусус миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон ҳассос боқӣ мемонанд. Ҳодисаҳои 28-29 апрели соли равон бори дигар нишон дод, ки то кадом андоза риоя ва иҷрои созишномаҳо муҳиманд ва кишварҳо барои ҳарчи зудтар “нуқта” гузоштан ба масъалаи марзӣ, бояд аз гуфтушунид истифода карда, фишор ва дигар услуби “шантаж”-ро бо истифода аз омили обу роҳ ва иншооти ҳаётан муҳим сарфи назар кунанд.

Аз нахустин сафари Ҷаборов ба Тоҷикистон чӣ интизор доред?

Дар урфият мегуяд, ки “меҳр дар чашм аст” ва сафари эълоншудаи раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон аз ин ҷиҳат бисёр муҳим мебошад, чун роҳбарони ду давлат масъалаҳои мавҷуда, ба хусус мушкилоти марзиро баҳсу баррасӣ менамоянд ва умедворем созишҳои ба дастомада аз ҷониби Қирғизистон ба пуррагӣ риоя мешаванд.

Нуктае дигаре, ки бояд ҳаллу  фасли худро ёбад, ин даст кашидан аз омили суъистифода аз зерсохтори роҳу нақлиёт аст, ки Қирғизистон шуруъ аз 24 майи соли равон ҳаракати шаҳрвандон ва нақлиёти Тоҷикистон аз тариқи қаламрави худро якҷониба маҳдуд кардааст. Ин иқдом аксари кулли созишномаҳои вуҷуддошта дар доираи ИДМ, СҲШ, СҶС (ВТО) ва ба хусус созишномаҳои дуҷониба дар бахши тавсеаи дустию ҳамкорӣ байни давлатҳоро хатчадор  мекунад.

Роҳбандӣ як таҷрибаи ғайриқобили қабул дар Осиёи Марказӣ дар марҳилаи кунунӣ ба шумор меравад, зеро кишварҳо бештар барои ҳамкориҳои наздик ҳаракат доранд ва ин раванди табиӣ бояд густариш ёбад, чун ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

Ниҳоят, як имкони хосе барои ба таври маҷмуӣ баҳсу баррасӣ намудани низоми муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пайдо мешавад, ки албатта нуктаи бисёр мусбат аст. Чун ду кишвар аз тафовутҳо дида, муштаракоти зиёд ва манфиатҳои миллии ба ҳам монанд доранд. Барои мисол, агар сухан дар бораи таҳдидҳои ғайрианъанавӣ равад, вазъи имрӯзаи Афғонистон ҳарду кишварро нигарон кардааст, чун таъсири мустақим ва ғайримустақимро ба сиёсати хориҷӣ ва низоми таъмини амнияти миллии онҳо дошта метавонад.

 Оё баҳси марзӣ ниҳоӣ мешавад?

Масъалаи марзӣ бо мураккабиву сангинии худ имкони зуд ҳал шуданро надорад, вале шароити мувофиқ барои пайдо намудан нуктаи меҳварии ба ҳам омадани манфиатҳои миллии тарафайн имконпазир аст. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон тамоми уҳдадории худро дар баробари Қирғизистон риоя карда, заминҳои дар давраи Иттифоқи Шуравӣ ба иҷора гирифтаи худро дар Олой бозгардонд (соли 1942 барои 50 сол ба иҷора гирифта, моҳи апрели соли 2003 бозгардонд), созиш дар мавриди ба 50 солидигар ба иҷора додани заминро дар ҷамоати Хоҷаи Аъло ҳамеша дар вазъи мушкилтарин риоя кард ва як назару муносибати дӯстона ба Қирғизистон дорад.

Агар ҷониби Қирғизистон созишномаҳои пештар имзошуда ва дар рафти сафар ба имзо мерасидаро ба пуррагӣ риоя кунад, муҳлати ҳалли масъалаҳои марзӣ хело кӯтоҳ мешавад.

Дар Қирғизистон, мо вазъи ҷолиберо мушоҳида мекунем, вақте бо суъистифода аз омили мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон ба ном “фаъолон”-и ҷомеаи шаҳрвандӣ (чун иқдоми онҳо зидди ғояи ҷомеаи шаҳрвандӣ аст) ва собиқ мансабдорону сиёсатмадорони сатҳашон гуногун як маъракаи густардаи душмантароширо роҳандозӣ намуданд ва то ҳол талаб доранд, ки иқдомҳои ҷиддӣ ва сангин нисбат ба Тоҷикистон амалӣ шавад. Вале воқеият инро нишон медиҳад, ки зарфияти вилояти Бодканд, инчунин вилояти Ҷалолобод бо вилояти Суғд баробар нест ва аз ин роҳбандӣ сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин будани шаҳрвандони Қирғизистон осебпазир мешавад.

Воқеияти дигар дар он аст, ки низоми сиёсии Тоҷикистон як таҷрибаи нодири тоб овардан ба фишорро дорад ва онро то соли 2016 таҷриба намуда, як масунияти табиӣ низ пайдо кардааст. Аз ин рӯ, бо фишор имкони таъсир расонидан ба амалкардҳои Тоҷикистон ғайриимкон аст.

Хулоса, интизории асосии ин ҷониб аз сафари Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон ин аст, ки Қирғизистон низоми муносибатҳои худро одӣ мекунад ва ҳамкориҳо барои рушди устувор ва ҳамсоягии нек ба роҳ монда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.