Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як тамоси телефонӣ президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба муносибати зодрӯзаш табрик кардааст. 

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки  Эмомалӣ Раҳмон "фаъолияти сермаҳсули давлатии муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Туркманистони дӯст, ҳамчунин обрӯву эътибори баланди ӯро дар дохили ҷомеаи Туркманистон ва берун аз он қайд карданд".

Дар ин суҳбати телефонӣ ҳамчунин руасои ҷумҳури ду кишвар "атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом дода, алоқамандии хешро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муҳтавои онҳо бо иқдомҳои нави амалӣ иброз карданд".

Вобаста ба ин Сарони давлатҳо аҳамияти мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷонибҳоро дар ояндаи наздик таъкид намуданд. Президенти Туркманистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Туркманистон даъват ба амал оварданд. Қарор шуд, ки муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.