Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон далели сафари ин мақоми баландпояи Афғонистонро нагуфтааст.

Торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки "дар ҷараёни мулоқот раванди ҳамкории байни кишварҳо, ба хусус робитаҳои парлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ, ҳамчунин вазъи имрӯзаи Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд".

Аммо саҳфаи расмии Мир Раҳмон Раҳмонӣ дар фейсбук хабар додааст, ки ҳадафи сафари раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба Тоҷикистон ширкат дар Маҷмааи порлумонии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошад. 

Гуфта мешавад, ки Маҷмааи порлумонии СПАД қарор аст, рӯзи 1-уми июл дар Душанбе баргузор шавад. 

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки дар ин мулоқот "вобаста ба идомаи нооромиҳо дар Афғонистон ва шиддат гирифтани вазъи сиёсиву низомӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷонибҳо ҳамкории амалии ду кишварро дар арсаи амниятӣ зарур донистанд".

Саҳфаи Раҳмонӣ ҳамчунин навиштааст, ки раиси Малиси намояндагони Афғонистон дар ин нишаст, "дар робита ба хатарҳои терроризми байналмилалӣ ва иротгароии дохилӣ, тадовуми хушунатҳо, қатлҳои ҳадафманд, раванди сулҳ ва нақши кишварҳои узви ин созмон суханронӣ хоҳад кард"

Тоҷикистон имсол садорати СПАД-ро бар дӯш дорад ва ин созмон дар чанд изҳороти ахираш аз вазъи бади амниятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.

Сафари ин мақоми олирутбаи Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки вазъияти амниятии ин кишвар дар чанд вақти ахир бад шудааст. Бештар аз 50 вулусволӣ ё ноҳияҳои ин кишвар ба  дасти гуруҳи террористии "Толибон" суқут кардаанд.

Аз ҷумла бештари вулусволиҳое, ки ба дасти "Толибон" суқут кардаанд дар вилоятҳои шимолии ин кишвар мебошанд, ки бархе аз вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ба дасти "Толибон" афтодаанд.

22-юми июн "Толибон" пас аз суқут додани вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз, гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон Бандар миёни Тоҷикистону Афғонистонро ғасб карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи онҳо 134 неруи давлатии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ овард. 

Баъдан рӯзи 27-уми июн, "Толибон" ба постгоҳи Чукчуки вулусволии Калдори вилояти Балх, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҳамла карданд, ки ин бор ҳам 17 неруи давлатии ин кишвар ба Тоҷикистон фирор карданд.

Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар 10 рӯзи ахир дар ду изҳороти ҷудогона вазъи амниятӣ дар марз бо Афғонистонро мураккаб унвон кард.

Пас аз эъломи хуруҷи неруҳои хориҷӣ бо раҳбарии ИМА аз Афғонистон гуруҳи "Толибон" ҷангу хушунатҳоро афзоиш додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.