Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе доир мегардад. Ҷараёни омодагӣ ба онро рӯзи 12 июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири куллии СҲШ Владимир Норов баррасӣ карданд.

Дабири кулли Созмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе қарор дорад.

Ба ҷуз рафти омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо, ҷонибҳо инчунин дигар масоили муҳиму рӯзмарраро баррасӣ карданд, хабар медиҳад департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор мешавад. Дар доираи иштирок дар кори ҷаласа дидору гуфтушуниди Владимир Норов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.