Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, субҳи имрӯз ба маҳалли будубоши хидматчиёни низомии Неруҳои марзбонӣ ва омодагии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор, ба ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон рафт.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом додааст.
Ин сафари президенти Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки ноҳияҳои Панҷу Ҳамадонӣ ноҳияҳои ҳаммарз бо Афғонистон мебошанд, ки ҳоло ин манотиқи марзии Афғонистон дар ихтиёри гурӯҳи "Толибон". мебошанд. Толибон тақрибан, наздик ба 80 дар сади манотиқии марзӣ бо Тоҷикистонро дар Афғонистон тасарруф кардаанд. Аз ҷумла бештари влусволиҳои чор вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон - Кундуз, Тахор, Балх ва Бадахшон ба дасти "Толибон" мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сарбозону афсарон дар мавриди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суханронӣ кардааст.
"Вобаста ба авзои кунунии давлати ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти махсус дорад".
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш таъкид кардааст, ки "вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагӣ тақозо менамояд".
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо итминон изҳор кардааст, ки ҳар як афсару сарбоз вазифаҳои бисёр мушкилу масъулиятноки ба зиммааш гузоштаи давлат ва халқи Тоҷикистонро минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, ҷасорату матонат ва далериву шуҷоат иҷро мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
И
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста