Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҳлиф ё савгандёдкунии расиҷумҳури тозаинтихоби Эрон Иброҳи Раисӣ ширкат намекунад. Чун рӯзи маросими савганд бо сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон мусодиф омадааст.

Маросими савганди Раисӣ 5-уми августи соли 2021 баргузор мешавад, ки дар ин вақт Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Ашқобод хоҳад буд, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯзи вазорат.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз қабл ҳамоҳанг шуда буд ва давоми як соли ахир барои анҷом шудани ин сафар ва масоили марбути он бо ҷониби Туркманистон ройзаниҳо доштем.

“Аммо сарфи назар, албатта Тоҷикистон дар ин маросими савганди раисҷумҳури ин кишвари бо мо бародар ширкат мекунад. Аз Тоҷикистон дар ин маросим раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ширкат мекунад. Интизор меравад, ки дар ҳайат дигар намояндаҳо ҳам бошанд”.

Иброҳим Раисии 60-сола, дар интихоботи рӯзи 19-уми июни соли 2021 аз миёни 7 номзад, тавонист бо ба даст овардани 62 дар сади орои мардуми Эрон ба унвони раисҷумҳури ин кишвар интихоб шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, баъди пирӯзӣ, зимни паёми табрикӣ ба Иброҳим Раисӣ гуфт, ки "Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд ва мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.