Ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумони кишвар ва собиқ раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат Идигул Қосимзода, ки 22 июл дар Душанбе бар асари коронавирус фавтид, ба зудӣ қатъ карда мешавад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ба ҷойи ӯ бидуни баргузории интихоботи пеш аз муҳлат шахси дигар меояд.

«Азбаски Идигул Қосимзода дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2020 аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ вакил интихоб шуд, аз ин рӯ, ҷойи ӯро бидуни баргузории интихоботи нав номзади минбаъда тибқи рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ишғол мекунад. Ин номзад узви ҳизби мо, омӯзгор аз Исфара Муҷибахон Ҷавҳарова мебошад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ.

Ёдрас мекунем, ки ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 63 вакил интихоб мешаванд: 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 вакил - тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.