Нимаи дуюми рӯзи 18 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар сиғаи шарикии стратегӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, низомию техникӣ ва дигар арсаҳо, инчунин мушкилоти мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо бо таъкиди он, ки шиддат гирифтани вазъият дар ин кишвар метавонад ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад,  аз ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаашонро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва муосидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин мувофиқа ба даст оварда шуд, ки  тамосҳо ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Кремл, бо назардошти раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соли 2021, инчунин ҷараёни омодагӣ ба нишастҳои сарони кишварҳои ин созмонҳо, ки моҳи сентябр дар Душанбе доир мегардад, низ баррасӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.