Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 25 август эътимодномаи сафирони Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Руминия - Даниел Кристиан Чобану, Лаҳистон - Радослав Грук, Конфедератсияи Швейтсария - Константин Оболенский ва Олмон - Тило Клиннерро қабул кард.

Тавре дафтари матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон хабар медиҳад, Мирзиёев муҳимияти амалисозии ҳамаҷонибаи қарордод ва лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкориро, ки зимни сафари таърихии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ ба мувофиқа расиданд, таъкид дошт.

Ӯ зикр кард, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ робитаи зич дошта, ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода 4 май бо фармони президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъин шуд.

Дар ин мансаб ӯ Содиқ Имомиро иваз намуд, ки аз соли 2017 намояндагии дипломатии Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон роҳбарӣ мекард.

Аз моҳи декабри соли 2014 Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҳайси ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият дошт.


Рӯзи 14 майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода нусхаи эътимодномаашро ба вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов супурда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.