Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 6 сентябр бо вазири корҳои хориҷии Канада Марк Гарно суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти гуфтугӯ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Канада, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо роҷеъ ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади таъмини амнияти минтақавӣ изҳори омодагӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Канада 1 январи соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Сафоратхонаи Канада дар Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон амал мекунад.

Вохӯрии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо 21 сентябри соли 2017 дар доираи кори иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ дар рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи дуҷониба дар тамоми соҳаҳо нақши муҳим бозид.

Ҷониби Канада ба лоиҳаи аз минаҳо поккорӣ намудани қаламрави Тоҷикистон маблағгузорӣ кард.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Канада тавассути барномаҳои Агентии Канада оид ба рушди байнулмилалӣ (CIDA) рушд ёфта, бахши кишоварзӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро дар бар мегиард. CIDA дар Тоҷикистон бо мусоидати Фонди Оғо-Хон фаъолият дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.