Баъди ҷангҳои шадиди рӯзҳои охир дар вилояти Панҷшер байни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), ки гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои бесарнишини артиши Покистон қароргоҳҳои нерӯҳои муқовиматро бомбарон кардаанд, ҳаммовозии тоҷикони Тоҷикистон ба дастгирии тоҷикони Афғонистон аз ҳарвақта дида бештар ба назар расид.

Баъди иттилоъ дар бораи кӯмаки Покистон дар ҳамлаи охир ба Панҷшер, рӯзноманигорон ва бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон даъват карданд, ки сафорати Покистон дар Тоҷикистон баста шавад. Инчунин, дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ флешмоб дар мавзуи ҷинояти артиши Покистон дар Панҷшер бар зидди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ роҳандозӣ шуд. Фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон аз кишвари Покистон ва сафоратхонаҳои ин давлат дар кишварҳои дигар талаб кардаанд, ки даст аз ҷиноят бар зидди инсоният бардорад.

Аз даъват то амали эътироз дар назди сафорати Покистон

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ омодагии худро барои баргузории намоиши эътирозӣ дар назди сафорати Покистон дар Душанбе гуфтаанд. То ба ҳол ин кор амалӣ нашудааст.

Мансур Манофзода, як сокини Душанбе рӯзи 7.09.2021 хост, ки дар назди сафорати Покистон дар Душанбе бо нишони эътироз ба дахолатҳоии ин кишвар дар умури Афғонистон ва ҷанги Панҷшер эътироз кунад. Тафсилоти бархӯрд бо худашро дар назди сафорати Покистон ӯ дар ин видео нақл мекунад.

Мансур Манофзода

Ҳатто бархеҳо аз Ҳиндустон ва Тоҷикистон даъват кардаанд, ки нерӯҳои ҳарбии худро дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мустақар карда, бар муқобили “Толибон” ва Покистон мубориза баранд.

Ба ғайр аз ин, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла журналистон аз роҳбари СММ, раисиҷумҳури ИМА, президенти Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои алоҳида бо мактуби дастаҷамъона муроҷиат карда, аз онҳо дархост кардаанд, ки ба қазияи Афғонистон  дахолат карда, муборизаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшерро дастгирӣ кунанд.

Ҳамчунин, аз сӯи бархе фаъолон дар Душанбе “Ситоди ёрирасони муқовимат” таъсис шудааст. Фаъолияти он аз чӣ иборат аст ва чӣ корҳоеро бояд кунад, то ҳол маълум нест. Ба ғайр аз ин, пешниҳодоте ҳам дар мавриди кушодани суратҳисоби молӣ барои кӯмак ба мардуми Панҷшер садо дод, вале он то ба куҷо расид дақиқ нест.

Садои Панҷшерро ба ҷаҳон бирасонед

Дар Душанбе баъзе аз журналистон аз таъсиси сомонаи “Садои Панҷшер” хабар медиҳанд... Рӯзноманигор ва коршиноси варзидаи тоҷик Нуралӣ Давлат пешниҳод кард, ки барои берун кашидани Панҷшер аз инзивои иттилоотӣ бояд бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон - "Овози тоҷик" фаъол шавад.

Нуралӣ Давлат навишт, ки муқовиматгарони Панҷшер ба ғайр аз муҳосираи сиёсиву иқтисодӣ ҳамчунин дар инзивои иттилоотӣ қарор гирифтаанд. Барои ҳарчӣ зудтар рафъ кардани ин хатар бояд радиои бурунмарзии Тоҷикистон даст ба кор шавад. Фикр мекунам, ки дар Панҷшер ва дигар вилоёти Афғонистон, ки тамоми расонаҳо зери сонсури толибон мондаанд, радиои бурун марзии Тоҷикистон метавонад маҳдудиятҳои иттилоърасониро рахна кунад.

"Бояд садои муқовиматгарони Панҷшер ба тамоми дунё расонида шавад. Бовар дорам, ки агар радиои бурунмарзии Тоикистон ин корро ба ӯҳда бигирад, ба қатори мӯътабартарине радиоҳои ҷаҳон шомил мешавад. Ҳоло расонаҳои бузурги ҷаҳонӣ хабарҳои толибонро пахш мекунанд. Аммо хушбахтона, ҳоло дар ҷаҳон одамони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд аз Ҷабҳаи муқовимат хабар дарёфт кунанд",- пешниҳоди худро шарҳ медиҳад коршинос. 
Нуралӣ Давлат

Дар маҷмӯъ, имрӯзҳо, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии тоҷикон моломоли аксу хабарҳо аз дастгирии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, махсусан роҳбари он Аҳмад Масъуд аст. Ҳамаи хабару гузоришҳо бо такя ба манофеи миллӣ нашр мешавад, ки тоҷикон барои ин ҳақ ҳам доранд. Эътирози ҳамаи корбарони тоҷик як аст: Покистон аз Панҷшер даст бардорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди қатли тоҷикон аз ҷониби “Толибон” вокуниш нишон дода, аз онҳо ҳимоят кунад.

Ҷаҳон чаро хомӯш аст? Тоҷикон чаро парокандаанд?

Донишманди тоҷик Умед Ҷайҳонӣ менависад, бо вуҷуди он ки “Толибон” ба кумаки Покистон аз замину ҳавои Панҷшер ҳуҷум карда, мардуми бедифоъи тоҷикро зери оташи гулӯлаву тӯп қарор додаанд, вале ҳеч созмону ниҳоди башардӯстонаи ҷаҳонӣ садои худро дар дифоъ аз миллати тоҷик баланд накард.

Ҷайҳонӣ аз забони тоҷикони Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа аз Тоҷикистон тақозо намудааст, то ба доди қавмҳое бирасанд, ки мавриди ҳамлаи тероризми қавмӣ, байнулмилалӣ ва пуштибонони берунии онҳо қарор гирифтаанд, то аз ин фоҷеъаи инсонӣ пешгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар мавриди рӯйдодҳои охири Афғонистон ва нақши тоҷикон дар он менависад, ки агар дигар вилоятҳои тоҷикнишин панҷшериҳоро танҳо намегузоштанд, “Толибон” ҳаргиз пойи худро дар шимол гузошта наметавонистанд.

- Бемории таърихии тоҷикон он аст, ки нухбахгону роҳбаронашон ҳамеша аз паи мансабталошӣ мепардохтанд, на мардумпарастӣ. Гар тоҷике вазифаро ба душ гирад, дигар на аз миллат андеша дорад, на аз давлат, дилу ҷигараш дигар дар ҳамёнаш асту курсии гарму хазина. Ва агар мабодо шахсиятҳои ба монанди Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш дар садсолаҳо яке пайдо шаванд, на умри дарозро мебинанду на миллати вафодорро, - гуфтааст ин сиёсатмадори тоҷик.
Парвиз Муллоҷонов

Рӯзноманигори Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён иқрор мекунад, ки тоҷикон имрӯзҳо дар шароити танге қарор доранд, чунки ҷаҳони мутамаддин, воқеъиятро намебинаду ҳафтаи сеюм аст дар масъалаи Афғонистон ва махсусан Ҷабҳаи муқовимат хомӯшии торикеро ихтиёр кардааст.

Ӯ дар идома менависад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ муваззаф нест, ки тоҷиконро ҳимоят кунанд, худи мо бояд талош варзем, дурандешона ва ҷонфидоёна аз худ дифоъ намоем.

Дустмуҳаммадиён пешниҳод мекунад, ки агар пойгоҳи ҳарбии Айнии Тоҷикистон дар ихтиёри Ҳиндустон мебуд, тайёраву бесарнишинҳои Покистон ба Панҷшер намеомаданд ва ё агар меомаданд ҳам ҳамонҷо “мемонданд”.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова дар мавриди бозиҳои геополитикии Афғонистон навиштааст, дар ин кишвар бозингарони зиёди хориҷӣ буданд, ки манфиатҳои геополитикияшон зидди якдигаранд ва ҳамаи онҳо лидерҳои гуногунро дар ин кишвар дастгирӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ин сиёсатшиноси тоҷик дар шароити имрӯзаи Афғонистон ҳеҷ гоҳ  бо куштор бо яроқ  бо даҳшат ҳукуматро нигоҳ дошта намешавад, балки дар ҷанг режиме, ки иқтисодиёти тавоно дорад, ғалабаро таъмин менамоянд.

- Режими “Толибон” на ин ки бо давлатҳои ҳамсарҳад хатар дорад, балки ба ҷаҳон. Давлатҳое,ки ба арзишҳои умумибашари эҳтиром доранд якҷоя бояд стратегия доир ба Афғонистонро тайёр намоянд ва дар амали шудани он кумак намоянд. Дар шароити кунуни ин давлатҳ бояд ба сарзамини дар хун оғушта кумак намоянд то як давлати мардумӣ ташкил карда шавад,- мегӯяд Бобоназарова.

Журналисти машҳури тоҷиқ, Додоҷон Атовулло бо нашри изҳороте аз муроҷиат ба СММ даст кашидааст, чунки ба гуфтаи вай, ин созмон дигар таъсир ва эътибор надорад.

Ба гуфтаи ӯ, сарнавишти дунё, ҳуқуқи инсон, фардои инсону инсоният дар Панҷшер ҳал мешавад ва аз ҳама ҷаҳониён хоҳиш кардааст, ки  бетараф набошанд, номаву баёния нависанд, флешмобу гирдиҳамоиҳо биороянд.

Иқтисодшинос Собир Қурбонов аз он изҳори нигаронӣ кардааст,шерҳои Панҷшер барои дифоъ аз замин ва озодии худ аз ҳеҷ ҷониб кумак намегиранд”.

Ба таъкиди ӯ, таҷрибаи рӯйдодҳои ахир нишон медиҳад, ки абарқудратҳо ба сарнавишти Афғонистон ва ҳамаи кишварҳои хурде, ки нафт надоранд, парво надоранд.

Мавсуф пешниҳод кардааст, ки ҳоло муҳим аст, ки ба Панҷшер кӯмак кунем, то фарорасии сармо истодагарӣ кунад ва он гоҳ “Толибон” ба он ҷо нахоҳанд рафт.

Моро барои он мекушанд, ки намехоҳем ғулом бошем

Рӯзноманигори тоҷик, Рамзия Мирзобекова ҳам аз тамошо кардани ҷомеаи ҷаҳон дар муқобили куштори тоҷикон аз ҷониби “Толибон” изҳори нагаронӣ намуд ва гуфт дар пушти ин ҳамлаҳо Покистон ва Чин қарор доранд.


- Покистону Чин тоҷиконро маҳз барои он мекӯшанд, ки тоҷикон намехоҳанд ғуломи онҳо бошанд,- мегӯяд Мирзобекова.

Вай дар идома дар бораи симои аслии “Толибон” суҳбат мекунад ва мегӯяд, ки бештари онҳо ҳатто калимаи шаҳодатро намедонанд, аммо вақте аз онҳо мепурсанд, ки чаро ҷанг мекунӣ, мегӯянд, ин ҷиҳод аст. Дар посух ба суоли он ки оё ҷиҳод бар зидди мусалмонон вуҷуд дорад, онҳо намедонанд чӣ ҷавоб диҳанд.

Мирзобекова аз он ҳайратзада мешавад, ки бархе раҳбарони кишварҳо дар бораи муколама бо “Толибон” сӯҳбат мекунанд ва бештари онҳо сӯҳбат кардан бо “Толибон”-ро шараф мешуморанд.

- Русия умуман изҳор дошт, ки онҳоро ба тамаддун наздик мекунад. Аммо чӣ тавр, вақте онҳо ҳатто намедонанд, ки бо занон чӣ гуна сӯҳбат кунанд. Бо вуҷуди ин, фикр мекунед, ки онҳо чизе монанди тамаддунро мефаҳманд ва ҳатто онро мепазиранд? Оё муборизаи онҳо бар зидди тамаддун нест? Хостаҳои онҳо болотар аз тамаддуне аст, - мегӯяд Рамзия.

Мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, бо вуҷуди он ки Аҳмад Масъуд ду маротиба ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кард, вале касе ба ӯ кӯмак намекунад.

- Касе парво надорад, ки ба онҳо аз замин ва ё аз ҳаво ҳамла мекунанд. Ҳама интизоранд, ки ин вазъият чӣ гуна хотима меёбад. Бигзор стандартҳои дугонаи худи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бо хомӯшии худ терроризмро ташвиқ мекунад, лаънат карда шавад. Давраи нави терроризм оғоз ёфт - ҳоло он барои башарият таҳдид нест, балки як нерӯи бонуфуз аст, ки бо он ҳисобӣ карда мешавад. Оё ӯ пагоҳ бо шумо ҳисобӣ карданро оғоз намекунад,- мепурсад Мирзобекова.

Пешниҳод: аз гап ба амал

Файласуфи тоҷик, Ҳафиз Бобоёров ҳам дар бораи қазияи Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер изҳори назар карда, гуфтааст, ки вақти он аст, аз гуфтан ба амал гузарем. Ӯ чанд назару пешниҳоди худро ба таври мухтасару навиштааст:

- Зиёиёни тоҷик муроҷиатнома ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кунанд.

- Имкон дорад фаъолони тоҷик як созмони минтақавӣ ва ё байналмилалӣ таъсис диҳанд, ки ҳадафаш ёрии башардӯстона бошад ва дар навбати аввал миссияашро барои мардуми осоиштаи Панҷшер, ки хатари гуруснагӣ, бесарпаноҳӣ ва бемориҳои сирояткунанда ба онҳо таҳдид мекунад, ба роҳ монад;

3) Ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми механизмҳои таъсиргузори сиёсӣ, дипломатӣ ва ғайра истифода барад, то дар Афғонистон ҳукумати фарогир ва федералӣ ташкил шавад.

Бобоёров дар охир гуфтааст, ки пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон на фақат ба манфиати аққалиятҳои қавмӣ, забонӣ ва мазҳабии Афғонистон, аз он ҷумла тоҷикон, узбекон ва ҳазораҳо аст, балки барои таъмини амнияти дарозмуддат ва пойдор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Садриддин Наҷмиддин

Дар баробари рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон, ҳамчунин аҳли фарҳанг, минҷумла овозхонони тоҷик ҳам дар робита ба вазъияти Афғонистон дар Тоҷикистон бетараф нестанд. Аз ҷумла, овозхони шинохтаи тоҷик Садриддин Наҷмиддин дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” аз ҳама хоҳиш кардааст, ки хештеги “бо Панҷшер бошед” ва ”Ман бо шумо ҳастам Панҷшер” (#standwithpanjshir#Iamwithyoupanjshir)- ро нашр намоянд ва онро ҳамарасонаӣ кунанд то ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амалкарди “Толибон” воқиф шавад.

Репсарои маъруфи тоҷик ҳам Исмоил Исмоилов (Мастер Исмаил) ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷаит намуда, пурсон шудааст, ки чӣ тавр онҳо оромона мушоҳида мекунанд, ки террористҳо дар асри 21 як давлатро пурра забт мекунанд ва даст ба генотсиди тоҷикони Афғонистон мезананд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.