Дар Кобул рӯзи 7 сентябр мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо сарпарасти Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон (UNAMA) бону Метте Нудсен баргузор гардид.

Тавре дар сомонаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Афғонистон хабар дода мешавад, Метте Нудсен бо табрики 30-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, баррасии вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳои ояндаи UNAMA бо ҳамсоякишварҳои Афғонистонро зарурӣ донист.

“Аз назари UNAMA, нақши кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки то ин дам муҳим буд, аз ин пас муҳимтар хоҳад шуд, бахусус, нақши Тоҷикистон”, - иброз доштааст ӯ зимни мулоқот.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон мавқеи расмии Тоҷикистонро бо истинод ба суханони президенти кишвар дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Покистон баён карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон тарафдори рӯи кор омадани ҳукумати ҳамашумул дар кишвари ҳамсоя аст.

“Ҳукумате, ки дар он ҳуқуқи занон, озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи дигар ақвом, бахусус тоҷикон, ки беш аз 46 фоизи аҳолии кишвари иқоматро ташкил медиҳанд, эҳтиром ва риоят шавад”, - изҳор доштааст Саъдӣ Шарифӣ.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.