Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва сарвазири Покистон Имрон Хон имрӯз ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Онҳо дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмон, ки пагоҳ, 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, иштирок мекунанд.
Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Шавкат Мирзиёев, Сайид Иброҳим Раисӣ ва Имрон Хонро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шаҳсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдрас мекунем, ки 15 сентябр раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Беларус - Александр Лукашенко ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норов ба Тоҷикистон омаданд ва боз ташрифи меҳмонони воломақоми дигар низ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки пагоҳ, 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ баргузор мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста