Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар кард.

Тибқи иттилои хадамоти мутбуотии президент, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Белгия мулоқот кунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, мавзӯи асосии музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо мушкилоти Афғонистон хоҳад буд.

Аз ҷумла, интизор меравад, ки таҳдидҳо ва чолишҳои баваҷудомада ба ҳамсояҳо, расонидани кӯмаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки бо бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд, баррасӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки президенти Тоҷикистон бо даъвати роҳбари Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел ба Брюссел сафар намудааст. Эмомалӣ Раҳмон ва Чарлз Мишел рӯзи 26 август дар бораи вазъи Афғонистон сӯҳбат карда буданд.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми октябр ба Париж равад ва дар онҷо бо раисҷумҳури Фаронса Эманнуэл Макрон мулоқот кунад.